06:44 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2167 0 0

Додгоҳи ноҳияи Лахш Сатибалдӣ Далиев, сокини 51-солаи ин ноҳияро барои нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” гунаҳкор дониста, ба андозаи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Далиев Сатибалдӣ Тоҷидинович, зодаи соли 1969, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Лахш, ҷамоати деҳоти Пилдон, деҳаи Сайрой дар баргузории маросими азодории “Сол”-и модараш - марҳум Исматова гунаҳкор дониста шуд, хабар дод Додситонии кулли Тоҷикистон.

"Далиев 4 январи соли 2020 соати 18:00 бидуни хабар намудани комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар манзили истиқоматияш воқеъ дар суроғаи ноҳияи Лахш, деҳаи Сайрон бо забҳи чорво маросими азодории “сол”-и модараш марҳум Исматоваро ташкил намудааст. Ӯ барои 50-60 нафар дар 4 ҳуҷраи хонаи истиқоматияш дастархон ороста, ду намуди таом – шурбо ва ош омода карда, ҳамзамон дар чойхонаи маҳаллаашон барои сокинони маҳалла ва хешовандонаш зиёфат додааст", - иттилоъ дод Додситонии кулли кишвар.

Манбаъ зикр намудааст, ки тибқи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон", маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад.

Абдураҳмон Қодирӣ. Акс аз богйонӣ
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Инчунин таъкид шудааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ҷашну маросимҳоро бо риояи талаботи қонун баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.

Аз кӯчаву бозор то ҷашну сӯгворӣ: пӯшоки занони тоҷикро танзим мекунанд

Додгоҳи ноҳияи Лахш, Далиев Сатибалдӣ Тоҷидиновичро бар асоси моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5800 сомонӣ ба фоидаи давлат муқаррар карда шуд.

Барчаспҳо:
ноҳия, Лахш, ҷазо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ