10:17 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
206 0 0

Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе шикояти ду шаҳрвандро, ки иддао доранд, пулу мошинашонро қаллобон дар пойтахт аз худ кардаанд, тафтиш мекунад

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Ба идораи милисаи ноҳияи Сино, бо ариза марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор муроҷиат намуда, аз фиребкории як сокини солхӯрдаи пойтахт шикоят кардааст, хабар дод ВУД Тоҷикистон.

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки моҳи январи соли 2018, дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт марди 65-солаи сокини кӯчаи Ховарон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

“Инчунин, бо ариза ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 36-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2015, дар кӯчаи М.Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсӣ марди 38-солаи сокини кӯчаи Фединаи ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2 адад автомашинаи тамғаи “Mitsubishi” гирифта, маблағашонро надодааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки арзиши ду мошин дар маҷмуъ 30 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Барчаспҳо:
қаллобӣ, вазорати умури дохила, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ