Пулу мошинро гирифтанд: шикояти сокинон аз фиребкорӣ дар Душанбе

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе шикояти ду шаҳрвандро, ки иддао доранд, пулу мошинашонро қаллобон дар пойтахт аз худ кардаанд, тафтиш мекунад

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Ба идораи милисаи ноҳияи Сино, бо ариза марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор муроҷиат намуда, аз фиребкории як сокини солхӯрдаи пойтахт шикоят кардааст, хабар дод ВУД Тоҷикистон.

Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВКД аз мардумфиребӣ дар Душанбе мегӯяд: маблағи ҳангуфт мегиранду дигар барнамегардонанд

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки моҳи январи соли 2018, дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт марди 65-солаи сокини кӯчаи Ховарон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

“Инчунин, бо ариза ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 36-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2015, дар кӯчаи М.Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсӣ марди 38-солаи сокини кӯчаи Фединаи ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2 адад автомашинаи тамғаи “Mitsubishi” гирифта, маблағашонро надодааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки арзиши ду мошин дар маҷмуъ 30 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0