12 ҳазор доллар деҳ ба Донишгоҳи тибби дохил мекунам: боздошти омӯзгори Донишгоҳи Кӯлоб

Обуна шудан
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Қаюмова Басбӣ дар Хатлон хабар медиҳад, ки барои дохил кардани як довталаб ба Донишогоҳи тиббии Тоҷикистон 12 ҳазор доллар талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Бино ба иттилои агентӣ, Қаюмова Басбӣ, ки худро омӯзгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кулоб муаррифӣ намудааст, ба шаҳрванд “А” ваъда додааст, ки бар ивази маблағи 12000 доллари ӯро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил менамояд.

Доллары в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти корманди идораи замини шаҳри Исфара бо 12 ҳазор доллар пора

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар пайи шикояти шаҳрванд “А”, ки рӯзи 7 январи соли равон дар хусуси ҳолати мазкур ба Раёсати Агентӣ дар Хатлон муроҷиат кард, боздошт шудааст.

“Дар ин асос, санаи 07 январи соли 2020 нисбати Қаюмова Басбӣ Искандаровна бо модда 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани амалҳои тафтишотӣ-оперативӣ номбурда баъди бо роҳи фиреб гирифтани маблағи пулии 2300 доллари ва 17600 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгир карда шуда, маблағи пулӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд”,-афзудааст дафтари матбуотии ин ниҳод.

Манбаъ мегӯяд, парвандаи ҷиноятии мазкур аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба мақомоти Прокуратура ирсол карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0