23:27 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
121001

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти раҳбари як ширкате хабар дод, ки як зани тоҷикро ба Арабистони Саудӣ бурда, мавриди истисмори меҳнатии як марди араб қарор додааст. Ӯ ба хариду фурӯши одамон муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Нусратуло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо "Sputnik Тоҷикистон" гуфт, ин марди 67-сола сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе буда, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони милитсия бо гумони хариду фурӯши одамон дастгир карда шуд.

“Номбурда соли 2017 ширкатеро ба номи ҶДММ “Имкон-2015” ташкил намуда, пешакӣ бо як шаҳрванди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маслиҳат мекунад, ки барои ӯ хизматгор меорад. Ҳамин тавр, ӯ бо роҳи фиреб ба боварии як зани 43-солаи сокини кӯчаи Каҳҳорови шаҳри Душанбе даромада, ӯро ба шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ мебарад. Ин зан муддати зиёда аз шаш моҳ мавриди истисмори меҳнатӣ қарор гирифтааст”, - гуфт Нусратуло Маҳмадзода.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тӯли ин шаш моҳ ҳуқуқҳои зани тоҷик ба пуррагӣ маҳдуд карда шуда, ӯро бе музди маош ва соати муқаррарии кор ҳамчун ғулом кор фармудаанд.

“Нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамрабоӣ) оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”, - гуфт Нусратуло Маҳмадзода.

Моддаи 130 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои одамрабоӣ аз 5 то 8 сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Барчаспҳо:
ғуломӣ, боздошт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ