Рустами Эмомалӣ бонувонро табрик кард: шумо шахсиятҳои тамаддунсозро ба дунё овардаед

Обуна шудан
Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш, таҷрибаи зиёд ва ҷаҳонбинии васеъ мебошад, фарзанди ӯ низ ҳамчун шахси босаводу хушахлоқ ба воя мерасад

ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бонувони пойтахтро ба муносибати Рӯзи модарон табрик  кардааст.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Ид муборак: Рустами Эмомалӣ барои занони кӯчарӯби Душанбе 3 миллион ҷудо кард

Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ дар табрикоти худ, имрӯз зимни як чорабини дар бинои "Душанбе-Плаза"  бонувону модарони пойтахтро табрик карда гуфтааст, мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонии миллат ҳазорон нафар шахсиятҳои оламшумулу тамаддунсозро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш карда, дар замири онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ – башардӯстиву ватанпарварӣ ва ҳунармандиву созандагиро ҷой намудааст ва  ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

“Имрӯз модари тоҷик роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгари фарзандон ва нуру гармии ҳар як хонадон аст. Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан – модар сарчашмаи зиндагӣ ва осоиши ҳар як хонавода аст”,-гуфтааст Рустами Эмомалӣ.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Агар вакил шавам...: 30 ваъдаву ҳадафи Рустами Эмомалӣ пеш аз интихобот

 Ӯ гуфтааст, мақомоти шаҳри Душанбе масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии эшон тадбиирҳои зарурӣ меандешад.

Ба гуфти шаҳрдори пойтахт, имрӯз дар Душанбе қариб 70 ҳазор бонувон дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла 30 ҳазор нафар дар соҳаи тандурустиву маориф кору фаъолият доранд ва беш аз 30 фисади онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд.

“Бонувону хоҳарони азизи мо ҳамчун сокинони пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр, махсусан тозаву озода нигоҳ доштани муҳити шаҳр нақши беандоза доранд.Мехоҳам бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои ин саҳми бузургашон сипосу миннатдорӣ баён намоям”,-афзудааст шаҳрдори пойтахт.

Рустам Эмомали подписывает документ - Sputnik Тоҷикистон
22 ҳазор сомонӣ мукофотпулии Рустами Эмомалӣ ба гулпарварони Душанбе

Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш, таҷрибаи зиёд ва  ҷаҳонбинии васеъ мебошад, фарзанди ӯ низ ҳамчун шахси босаводу хушахлоқ ба воя мерасад.

“Модарону бонувони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бовар дорам, ки ба хотири иҷрои  рисолати пурмасъулияти хеш минбаъд низ барои тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯст саҳми арзандаи худро мегузоранд”,- гуфтааст раиси шаҳри Душанбе.

Номбурда аз суннати эҳтиром ва арҷгузории модарон ёдовар шуда гуфтааст,умедворам, ки ҳар як модар, бону ва хоҳарони мо ҳамеша равшанибахши хонадон, сафои зиндагӣ ва азизи наздикону фарзандони худ бошанд.

Лентаи хабарҳо
0