13:09 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Рӯзи даҳуми март дар Русия – Рӯзи бойгонӣ ва дар  Озарбойҷон – Рӯзи театри миллӣ мебошад. Дар ин рӯз соли 1931 ноҳияи Рашт таъсис дода шуд

Рӯзи 10 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1910 дар Чин ғуломдорӣ манъ карда шуд.

Соли 2009 соҳибкори муваффақи тоҷик Нурулло Усмонов барои эътибор ва шуҷоат бо ҷоизаи махсус – медал ва дипломи ба номи Малика Виктория   (Queen Victoria Commemorative Medal) сарфароз гардонида шуд.

День 6 марта
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 10 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1931 дар Тоҷикистон ноҳияи Рашт таъсис дода шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили васеи ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди ояндаи онҳоро баррасӣ карданд.

Соли 2010 дар Душанбе нашри махсуси маҷаллаи "Помир" аз чоп баромад, ки ба робитаҳои фарҳангию адабии Тоҷикистону Қазоқистон бахшида шуда буд.

Соли 2011 дар Покистон Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар фазои тантанавӣ Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми барҷастааш дар таҳкими дўстӣ ва густариши равобити судманди ду мамлакат кишвар ва ҳамчунин рушди ҳамкории минтақавӣ бо мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон сарфароз гардонд.

Ҳамчунин Осиф Алӣ Зардорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёни ў дар таҳкими дўстӣ ва рушди муносиботи ҳамкории ду давлат бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон – ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуд.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавии садсолагии матбуоти тоҷик иштирок ва рӯзноманигорон, кормандон ва собиқадорони воситаҳои ахбори оммаро табрик намуд.

Соли 2016 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи маблағгузорӣ оид ба лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушдро /БОР/ ба тасвиб расонд.

День 5 марта
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2016 тибқи номаи Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» интихоб ва пазируфта шуданд.

Соли 2016 дар пойтахти Шоҳигарии Тайланд- шаҳри Бангкок нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) баргузор гардид. Дар нишасти мазкур ҳайати Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷии  ҶТ Сироҷидин Аслов роҳбарӣ намуда, дар мавриди роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва рушди инфрасохтори минтақавӣ дар чаҳорчӯби ин ҳамоиши байналмилалӣ сухан кард.

Соли 2017 Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока ва Раиси Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи грантӣ барои лоиҳаи «Беҳтар намудани лавозимоти варзишӣ-тамринӣ барои варзишгарони маъюб»-ро  ба имзо расониданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 март

  • Дар Русия – Рӯзи бойгонӣ.
  • Дар  Озарбойҷон – Рӯзи театри миллӣ.
  • Рӯзи меҳнат дар Корея.
  • Рӯзи миллии театр дар Озарбойҷон.
  • Рӯзи дехқонон дар Украина.

Рӯзи 10 март кӣ ба дунё омадааст

Абдумалики Абдуҷаббор (1988)- шоир.

Садриддин Абдураҳимов (1945)- доктори илми геологӣ, профессор.

Рафоъат Абдусаломова (1939) - наттоқи ТВ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Муҳсин Аминзода (1954) - нависанда.

Сироҷиддин Бандаев (1945) - доктори илми химия, профессор.

Валерий Безушко (1947)- рассом.

Қирғизбегим Fарибшоева (1924-2003)- сароянда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Занҷирбеки Ёқуб (1952) - шоир.

Абдукарим Қосимов (1933-1997)- арбоби давлатӣ.

Қурбон Сангини (1921)- шоир.

Ҳайдар Қурбонов (1941 - 1998) - доктори илми техникӣ.

Улфатмо Мамадамбарова (1937) - сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Худоназар Мамадназаров (1916- 1982)- арбоби давлатӣ.

Бибиҳафиза Маҷидова (1949)- доктори илми педагогӣ, профессор.

Сафар Муллоев (1938)- риёзидон, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Фарида Муҳаммадгалиева (1923 - 1994) - устоди рақс, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев (1946) - актёри театру кино.

Аскар Одинаев (1931)- актёри театр.

Валимад Одинаев (1935-2010) - рассом, Ходим шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Усмон Сиддиқов (1936) - актёри театр,Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сафар Сулаймонӣ (1951) - доктори илми педагогӣ, профессор.

Хўҷааҳмад Хидиралиев (1944) - Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Чоршанбеи Деҳнавӣ (1950)- нависандаӣ.

Бобоҷон Ҳасанов (1947) - актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Шодибек Ҳотамбеков (1935) - коргардони ТВ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Саидмурод Ҳоҷиев (1939)- забоншинос, профессор.

Шодон Ҳаниф (1934 - 2007) - Нависандаи Халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.

Насибахон Эшонова (1962)- рассом.

Музаффар Юнусов (1950)- доктори илми химия.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 25 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ