08:25 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
22610

Ташкили фурӯши густурдаи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори "Суғдиён" имкон медиҳад, ки мардум маҳсулоти тару тоза ва бо нархҳои дастрасро бидуни миёнарав аз дасти якум харидорӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар бозори "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд, фурӯши густурдаи маҳсулоти кишоварзӣ аз дасти аввал роҳандозӣ шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии шаҳрдории Хуҷанд.

"Дар ин бозор маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам, карам ва ғайра аз бозор 30-40 дарсад арзон пешниҳод шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Деҳқонон аз шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастоҳ молу маҳсулоти худро бо назардошти имтиёзоти маъмурияти бозор ба харидорон пешкаш намуда истодаанд.

Манбаъ таъкид намуда, ки чунин иқдом ҷиҳати пешгирии болоравии нархи маводи озуқа мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон "нақш"-и ҳаннотони бозор низ аз байн хоҳад рафт.

Абдураҳим Абдуллоев мудири бозори "Суғдиён" мегӯяд, аз ҷониби маъмурияти бозор барои фурӯшандагон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла меҳмонхона, истгоҳ, иҷораи ройгон пешниҳод шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардум ба ҷои харидории барзиёд бояд чӣ кор кунанд

Бозор наздик 2000 нуқтаи савдо дар масоҳати 9 гектар дошта, 16 дарвоза, таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 1500 мошин ва дорои дигар имконоти инфрасохторӣ мебошад.

Раҳмон гуфт, чӣ гуна тони тиллоро бо орд иваз намуд: Ҳукумат бе дору ва ғизо намегузорад

Маъмурияти бозор иқдом гирифтааст, ки дар рӯзҳои наздик фуруши орд, равған ва биринҷро низ дар ин мавзеъ роҳандозӣ намояд.

Барчаспҳо:
арзон, маҳсулот, фурӯш, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ