11:16 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
104 0 0

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои гузарондани озмунҳои шаҳрии "Оилаи беҳтарин", “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” дар соли равон ва соли оянда қарор имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 17 мар— Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки озмунҳо барои муайян намудани беҳтарин оила, маҳалла ва кӯча бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи таҷлили Истиқлолият ҷамъбаст карда шавад.

Бар асоси талаботи озмун, ҳайати комиссия оилаҳои ширкаткунандагонро месандҷанд, ки дар онҳо то чи андоза таълим, тарбияи кӯдак, нигоҳубини куҳансолон, иштироки аъзои оила дар корҳои ҷамъиятӣ ва тозагӣ дар маҳаллаву кӯча ба роҳ монда шудааст.

Раиси Душанбе ба сарраёсати молияи шаҳр дастур додааст, ки барои мукофотонидани ғолибони озмунҳои шаҳрии “Маҳаллаи беҳтарин” - 12 000 сомонӣ, барои ҷойи якум 6 000, ҷойи дуюм- 4 000 ва ҷойи сеюм 2 000 сомонӣ ва “Кӯчаи беҳтарин” -12 000 сомонӣ - барои ҷойи якум - 6 000, ҷойи дуюм- 4 000 ва ҷойи сеюм 2 000 сомонӣ дар соли 2019 ҷудо намуда, дар солҳои 2020 ва 2021 маблағҳои заруриро таъмин намояд.

Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки  ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмунҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси шаҳр   Комиссияи шаҳриро муваззаф гардонидааст, ки  натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри ҳар сол ҷамъбаст намоняд.

 

Барчаспҳо:
кӯча, оилавӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ