22:32 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
224 0 0

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Тоҷикистонро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Парчами давлатии Тоҷикистон шаҳраки Исмоили Сомонӣ дар пояи баландияш 46,5 метр қомат афрохта, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, баландии пояи Нишони давлатӣ, ки дар рӯ ба рӯйи Парчам сохта шудааст, 24,3 метр мебошад.

“Барои бунёди ин иншоот як миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Ҳамчунин, дар иншооти мазкур аз тарафи корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳия дар масоҳати 500 метр хатҳои обгузар барои об додани қитъаҳои замини майсазор ва гулҳои мавсимӣ гузаронида шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Шӯътаи иттилоотӣ илова намуд, ки барои ороиши майдони мазкур бо симчӯбҳои равшанидиҳанда аз тарафи идораи барқи ноҳия корҳои васлгарӣ ба анҷом расонида шуда, ҳудуди майдон сафолакпӯш гардидааст.

Зикр гардид, ки сохтмони майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо мақсади ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва барои фароғати сокинони шаҳрак ҳамчун гулгашт ва макони баргузории иду ҷашнҳо анҷом дода шудааст.

Дар Муъминобод Боғи фароғатӣ бо майдони нишону парчами давлатӣ сохта мешавад

Қоҳир Расулзода ва роҳбари вилоят ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастур доданд. Манбаъ илова намудаст, ки бунёди парчаму нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Кӯшониён ва ба макони сайру гашти сокинон тадбил ёфтани ин мавзеъ туҳфаи арзишманд ба сокинони ноҳия ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Мавзӯъҳои асосӣ