14:28 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
122 0 0

Рӯзи 22 март Рўзи байналмилалии захираҳои об буда ҳамзамон, Рӯзи байналмилалии таксист ва дар Лаос – Рӯзи Ҳизби халқӣ мебошад

Рӯзи 22 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 Конститутсияи Испания қабул гардид.

День  21 марта
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1882 Конгресси ИМА бисёрникоҳиро манъ кард.

Соли 1989 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати ҳамлу нақли партовҳои хатарноки истеҳсолот дар қаламрави давлатҳои гуногун ба имзо расид.

Соли 1994 дар Брюссел Протокол оид ба асоси ҳамкории Россия ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар доираи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» ба имзо расид.

Соли 1951 аввалин маротиба дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  Студияи марказии телевизионӣ таъсис дода шуд.

Соли 1934  аввалин шумораи рӯзномаи «Коргарони Хуҷанд» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») нашр шуд.

Соли 1922 дар шаҳри Новониколаевка (ҳоло Новосибирск) аввалин шумораи маҷаллаи «Сибирские огни» аз чоп баромад.

Рӯзи 22 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2014 дар маркази шаҳраки Данғара бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2016 дар қароргоҳи  Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин дар вазъияти тантанавӣ маросими расмии баимзорасии Созишнома дар бораи  ба Непал додани мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ баргузор гардид.

Соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии махсус  таҳти унвони «Фаъолияти афзалиятнок оид ба захираҳои об ва офатҳои табиӣ дар даҳсолаи оянда», ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид  дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардида буд,  баромад кард.

Соли 2019  дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк маросими супоридани санад оид ба тасвиб гардидани Созишномаи Париж роҷеъ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 март

  • Рўзи байналмилалии захираҳои об.
  • Рӯзи байналмилалии таксист.
  • Дар Лаос – Рӯзи Ҳизби халқӣ.
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ