23:47 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1615 0 0

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар чанд фурудгоҳи Русия ва ҳамчунин фурудгоҳи Анқара дармондаанд, тариқи расонаҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ аз ҳукумати кишвар талаб доранд, то онҳоро ба ватан расонанд

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифаи инстаграми худ ҳолати дармондагии муҳоҷирини тоҷикро дар фурудгоҳи “Внуково” шарҳ додааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ дар бахши таърихи саҳифаи инстаграм ба муҳоҷирини тоҷик гуфтааст: “Бигзор Аллоҳ кӯмакатон кунад".

Яке аз пешбарандагони саҳифаи  Molodezh__tjk дар инстаграм навори мунтазирии шаҳрвандони кишварро дар фурудгоҳи “Внуково” нашркарда, гуфтааст, тоҷикистониён алакай сем рӯз аст, дар фурудгоҳанд.

Ба гуфти ӯ парвозҳо замоне бекор карда шуд, ки ҳама ҳамвтанон аз дигар минтақаҳои Русия ба фурудгоҳ омаданд.
Гуфта мешавад, ҳоло ин муҳоҷирон ҷои рафтан ва чизе барои хӯрдан надоранд. Бисёриҳо пули охирини худро барои харидани чипта доданд ва парвозҳо лағв карда шуданд.

Дар пайи қатъи парвозҳо миёни Русияву-Тоҷикистон шаҳрвандони кишвар дар фурудгоҳҳо монданд ва ахиран тариқи расонаҳо ва муроҷиатҳо аз ҳукумат ва намояндагии дипломатии давлат дархости кӯмак карданд.

Ҳамчунни корбари саҳифаи фейсбукии “Делай добро Таджикистан” навиштааст, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба муҳоҷирини дар фурудгоҳ дармонда барои хариди ғизои аввалия кӯмаки молиявӣ низ кардааст.

Ҳамчунин шоҳидони ҳол гуфтанд, аз ҷониби баъзе аз ҳамватанони муқими Русия низ тули чанд рӯз аст маводи ғизоӣ мерасад.

Барчаспҳо:
муҳоҷирон, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Ҳабиб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ