09:15 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1017 0 0

Ҳавопаймои ширкати тоҷикии "Сомон эйр" рӯзи сешанбе ба Маскав парвоз анҷом дод ва наздики 200 мусофирро, ки шаҳрвандии Русияро доранд, ба Маскав интиқол дод

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Имрӯз, 24 март 189 мусофир аз Душанбе ба Маскав парвоз карданд. Ширкати ҳавоии "Сомон эйр" онҳоро ба воситаи парвози махсус ба фурудгоҳи Жуковскии Русия расонид.

Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон
Ҳамаи мусофирон шаҳрвандони Русия мебошанд. Феълан, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия то 1 май пурра қатъ шудааст. Эҳтимол меравад, ки  бештари ин мусофирон тоҷиконе мебошанд, ки шаҳрвандии Русияро низ доранд.

Пештар Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гуфта буд, ки дар фурудгоҳи мазкур то ҳал шаҳрвандони Тоҷикистон дар мондаанд, ки бояд бо хатсайри  "Уральские авиалинии" ба ватан бар мегаштанд.

Интизор меравад, ки "Сомон эйр" дар роҳи бозгашт муҳоҷирони тоҷикро ба ватан барад.

Чипта 30 ҳазор рубл: "Сомон Эйр" тоҷикони дар Маскав дармондаро ба Ватан мебарад

Ёдрас мешавем, сар аз 20 март Тоҷикистон парвозҳои байналмилалиро баст, ки сабабаш паҳншавии босуръати вируси корона мебошад.

Бо ҳамин далел, парвозҳо лағв шудаву нафароне ки пештар аз ширкатҳои ё Русия, ё Тоҷикистон билет харида буданд, ба қавли худашон дар байни осмону замин "муаллақ" монданд.

Ёдрас мешавем, Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҳамсудаш ягона кишварест, ки шаҳрвандонаш ба вируси "тоҷдор" олуда нашудаанд.

То ҳол, дар саросар ҷаҳон, дар 186 кишвар бештар аз 300 ҳазор кас гирифтори вируси корона шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ