14:48 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1192 0 0

Саид Мирзиёева, духтари пезиденти Ӯзбекистон зимни як муроҷиат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамватанонаш ба онҳое, ки дар ин лаҳзаи душвор барои мағлуб кардани сирояти хатарнок кор мекунанд, миннатдорӣ баён кардааст

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Духтари президент дар робита ба коронавирус ба ӯзбекистониҳо муроҷита карда, гуфтааст ин озмоиши душвор барои тамоми башарият ба мардум кӯмак хоҳад кард, ки бар зидди таҳдид умумӣ муқовимат кунанд.

"Агар шумо ба рӯйдодҳое, ки имрӯз дар ҳаёти мо рух медиҳанд, аз як нуқтаи дигар нигоҳ кунед, ба назар чунин менамояд, ки инсоният дар ҳоли таълими муҷаддад аст. Ин чунин менамояд, ки гӯё худро дар оина мебинад. Чунин ба назар мерасад, ки некӣ ва бадӣ боз ҳам возеҳтар ба чашм мерасад. Ин ба он монанд аст, ки коронавирус барои муттаҳид кардани одамон бо наздикони худ, таҳкими робитаҳои оилавӣ, тарғиби шараф ва виҷдон фиристода шудааст ... ",- навиштааст ӯ дар саҳифааш дар Telegram.

Саида Мирзиёев ба ҳазорон нафароне, ки дар ин лаҳзаҳои душвор ҳаёт ва саломатии худро дар хатар гузошта кор мекунанд, то кишварро бо чизҳои зарурӣ барои зиндагии мӯътадил таъмин кунанд изҳори сипос кардааст.

"Мо пеши нафароне, ки ҳамаро даъват мекунанд, то дар хона истанд ва ҳаёти худ барои дигарон дар хатар монда,   кор мекунанд - кассирон, дорусозон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низомиён, духтурон, халабонҳо, ронандагон, нонвойхонаҳо ва муҳимтар аз ҳама - рӯзноманигорон ва блогерҳо, таъзим мекунем. Шумо низ метавонистед дар хона нишинед. Аммо хидмат ба мардумро интихоб кардед. Умедворем, ки ин масъала пурра ба назар гирифта мешавад. То даме ки шумо ҳастед, мо аз чизе наметарсем ",-навиштааст Саида Мирзиёева.

Бино бар оморҳои ахир, шумори мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 60 нафар мерсад. Нахустин ҳолати гирифтории ин беморӣ 15 март дар ин кишвар ба қайд гирифта шуда буд.

Барчаспҳо:
вирус, президентӣ, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ