10:04 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
403120

Фарҳоди Дарё, овозхони саршиноси Афғонистон суруди тозааш, ки "CORONA" ном дорад, дар бораи эмин будан аз бемории коронавирус сароидааст

ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Овозхон Дарё, бо нашри ин суруди наваш, аз мардумони ҷаҳон даъват намудааст, ки дар қарантинкунӣ ё худ хонанишиншуданҳо бар асари коронавирус ҷорӣ карда шудааст, хаста нашаванд, балки ҳамроҳ бо хонадони худ самимона умедвор бошанд, ки ин ҳама дарду мотам мегузарад ва ҳолу ҳавои зиндагӣ дубора хуб мешавад.

Оҳанги "CORONA" ҳамчунин суфраҳои камбағалонаи мардумро тасвир намуда, таъкид мекунад, ки дар шароити осебрасонии коронавирус дар бозорҳо, мо нону себу асалро бояд ба ин тоифа мардумони камбизоату ҳамсояҳои фақиру гуруснаи худ бояд тақсим кунем.

Гузориши Эрону Афғонистон аз афзоиши гирифторони коронавирус

Матни суруди "CORONA" - и Дарё ба қалами шоир Самеъ Ҳамид таалуқ дошта, бандубасти онро Қайс Улфат, овозхони дигари афғонӣ ба иҷро расонидааст.

Тавре дида мешавад, ин суруд дар моҳи март, ки ҳоло авҷи фасли маризии коронавирус дар харитаи ҷаҳон шумурда мешавад, дар иёлоти Вирҷинияи ИМА сабт шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ