"Садақа радди бало": 100 ҳазор ниқоби тиббии ройгони соҳибкор

© © SputnikШкольники Душанбе в медицинских масках
Школьники Душанбе в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нусрат Файзуллоев, муассиси ширкати “Ресандаи Қурғонтеппа” ба муассисаҳои муассисаҳои тандурустӣ, коллеҷу донишгоҳҳо ва дигар созмонҳои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 100 ҳазор ниқоби тиббӣ тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соҳибкор барои саҳм гирифтан дар ҷилавгирӣ аз "вируси корона" дар кишвар ин теъдод ниқоби тиббиро ба таври ройгон дар шаҳри Бохтар тавзеъ кардааст.

"Ниқобҳои мазкур сохти худи ширкати "Ресандаи Қурғонтеппа" ва 100% аз пахта омода шудаанд. Ин корхона андозаҳои гуногуни ниқобро, аз ҷумла барои кӯдакон, низ истеҳсол мекунад", - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Ширкати "Ресандаи Қурғонтеппа", яке аз корхонаҳои саноатии шаҳри Бохтар буда, 150 нафар коргар дорад, ки 99 дарсади онҳо занону духтарон мебошанд.

Как сделать маску за две минуты. Защищаем себя и других от коронавируса! - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Ниқоби тиббӣ надоред? боке не, тамошои ин навор мушкили шуморо ҳал мекунад

Ин корхона ҳанӯз соли 2013 бо харҷи 6,5 миллион доллар таҷҳизоти нави технологияи муштараки Чину Кореяи Ҷанубиро ворид карда, ба ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори риштаву матоъ, дӯхти либосворӣ, бофтани ҷӯроб ва дигар ашёи нассоҷӣ, назири футболка, таҳпӯшҳои мардонаю занона ва ғайра машғул буд.

"Айни замон корхонаи мазкур пурра ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ гузашта, дар як шабонарӯз 7 ҳазор ниқоб истеҳсол менамояд", - гуфт сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0