02:11 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Рӯзи дуюми апрел Рӯзи ҷаҳонии китоби кӯдакона буда, ҳамзамон Рӯзи ҷаҳонии паҳннамоии иттилоот оид ба бемории аутизм мебошад

Рӯзи 2 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1922  дар шаҳри Маскав китобхонаи адабиёти хориҷӣ ифтитоҳ гардид.

День 1 апреля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1946 Маркази ядроии "Арзамас-16" таъсис дода шуд.

Соли 1966 Моҳвораи шӯравии "Луна-10" дар ҷаҳон нахустин киштии кайҳоние шинохта шуд, ки Моҳро давр зад.

Рӯзи 2 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1935  дар Сталинобод маросими кушодашавии аввалин сирк баргузор гардид.

Здание цирка в Душанбе
© Sputnik
Здание цирка в Душанбе

Соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба ҳукми қонун даромад.

Соли 2014 дар маркази шаҳри Хуҷанд бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шероз, ки дар назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Зиннат» таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда  будананд, ба ҳузур пазируфт.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел России Сергей Лавров
пресс-служба президента РТ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел России Сергей Лавров

Ҷашнҳои рӯзи 2 апрел

  • Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакона.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии паҳннамоии иттилоот оид ба бемории аутизм.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 27 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 31 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ