12:02 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
151 0 0

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар маросими гусели наваскарон ба сафи артиш иштирок карда, аз ватандӯстии ҷавонон ситоиш намуд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Маросими тантанавии гусели наваскарон аз ВМКБ дар майдони ба номи Исмоил Сомонии шаҳри Хоруғ баргузор шуд, хабар дод ҳукумати вилоят.

Файзов изҳор дошт, ки солҳои охир Бадахшон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ ба ҳукумат ҳисобот медиҳад.

“Ин аз болоравии эҳсоси ватандорӣ ва ифтихории миллии ҷавонони вилоят дарак медиҳад. Имсол дар иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ вилоят ба ҷои якум баромад, ки ин барои хамаи мардуми Бадахшон мояи ифтихору сарафрозист”, - хабар дод котиботи ҳукумати ВМКБ аз қавли раис.

Файзов ба даъватшудагон барои чунин иқдоми ватандӯстона сипос гуфта, барои адои хизмат ба онҳо саломатию комгорӣ таманно намуд. Волидони навдаъватшудагон низ хизмат дар артишро қарзи фарзандӣ хонда, барои наваскарон роҳи сафед хостанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки 1 апрел нақшаи даъватро 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ сад дар сад иҷро кардаанд. Аз ҷумла фарзандони 32 мансабдори Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шуданд.

Барчаспҳо:
артиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ