02:17 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
200 0 0

Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба 1100 хонаводаи ниёзманд кумаки хӯрокворӣ расонд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар арафаи моҳи шарифи  Рамазон ба беш аз 1100  оилаи камбизоат ва маъюб, инчунин омӯзгорону кормандони бахшҳои техникии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Шоҳмансур маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра  кумак расонида шуд.

Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, ин иқдом  тибқи дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои муассири Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар самти беҳтар намудани вазъи некуаҳволии сокинони пойтахт аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбарияти ҶДММ "Сарманзил-2012",  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов сурат гирифт.

Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба вазорати тандурустӣ кумак кард

Дар доираи ин амали эҳсонкорона 101 нафар омӯзгорону кормандони Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳр, 150 нафар омӯзгорону кормандони МТМУ №55 ва 55 нафар омӯзгорону кормандони МТМУ №39, инчунин истиқоматкунандагони кӯчаву маҳаллаҳои Камоли Хуҷандӣ, Восифӣ, Шоҳмансур-1, Роҳи оҳанчиён, Бедил, Барно, Чиноро-1, Саноат, Айнӣ-16- и шаҳри Душанбе  аз ин кумакҳо бархурдор шуданд.

Кумакро, ки аз маводи мавриди ниёзи аввал  иборат буд, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур  зери шиори ҲХДТ "Барои зиндагии шоиста" ба оилаҳои камбизоату маъюб дастрас карданд.

 

Барчаспҳо:
ниёзмандон, кӯмак, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ