19:37 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
175401

Шӯрои уламои Маркази исломииТоҷикистон зимни як муроҷиаташ мардуми кишварро ба моҳи шарифи рамазон табрик карда гуфтааст, киҳо метавонанд рӯза нагиранд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik.  Шӯрои уламо гуфтааст, рўза яке аз ибодатҳои пурмашаққате аст, ки сабру таҳаммул мехоҳад. Аз ин рў, баъзе одамон талаботи онро иҷро карда наметавонанд. Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи мушкилот барои ин гурўҳи одамон хўрдани рўзаро рухсат додааст.

Ба гуфти Шӯрои уламо, шахсони бемор, мусофир, занони ҳомиладор, заноне, ки кўдаки ширхора доранд, гуруснагӣ ё ташнагии шадид, ки боиси ҳалокат ва ё беморшавии рўзадор мегардад, пиронсолӣ, инчунин дар ҳолати маҷбур кардан барои хўрдани рўза бо роҳи зўроварӣ. 

“Дар ҳолатҳои зикршуда, вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас. Далелҳое, ки дар боло зикрашон рафт ва ба хўрдани рўза сабаб мегарданд, дар “Мухтасар-ул-виқоя” ва шарҳҳои он, "ҳидоя" ва шарҳҳои он ва дигар китобҳои фатвои муътабари мазҳаби ҳанафӣ дарҷ шудаанд”,-гуфтааст Шӯрои уламо.

Ин ниҳоди динии кишвар гуфтааст, агар шахсе, ки машғули корҳои пурмашаққати ҷисмонӣ ва равонӣ бошад ва дар фасли гармо муддати беш 15 соат хўрок истеъмол накунад, тибқи хулосаи мутахассисони соҳаи тиб ҷисми ў бо витамину минералҳои лозима таъмин намегардад.

Баъди 10-12 рўзи чунин ҳолат масунияти бадан сусту заъиф гашта, аз ҷиҳати сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус осебпазир мегардад. Бинобар ин, дар чунин ҳолат барои ба хатар нагузоштани худ ва атрофиён ба ин ашхос тавсия дода мешавад, ки то ба эътидол омадани вазъият ва бартараф гаштани таҳдиди бемории коронавирус аз рўзадорӣ худдорӣ намуда, сипас дар рўзҳои мувофиқ қазо доранд.

“Айни замон, ҷиҳати пешгирии сироятёбии аҳолии ҷумҳурӣ аз бемории коронавирус ва ташхиси ҳолатҳои эҳтимолӣ, табибон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони дигар ниҳодҳои давлатӣ дар нуқтаҳои карантинӣ ва беморхонаҳо шабу рўз заҳмат кашида истодаанд. Муҳити кории ин гуна ашхос аз ҷиҳати сироят осебпазиртарин буда, рўзадорӣ эҳтимолияти сироятёбиро дучанд мегардонад. Аз ин рў, бо такя ба фатвоҳои муътабари уламои мазҳаби ҳанафӣ дар чунин ҳолат рўза доштан зарурат надорад ва барои онҳо танҳо қазо лозим мегардад”,-гуфтааст Шӯрои уламо.

Ба таъкиди ин ниҳод, бо назардошти вазъи ҳозираи ҷумҳурӣ ва низоми мушкили муносибатҳои байналмилалӣ, онҳое, ки ба кишту кори зироат ва омода намудани маҳсулоти хўрокворӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти худӣ машғуланд, дар ҳолати эҳсос намудани зарар ба саломатиашон, ки ин ҳолати пурмашаққат узр ҳисоб меёбад, метавонанд рўзаро сарфи назар кунанд ва дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо рўзаро дар вақти муносиб қазо доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ