Нони бепул ба ниёзмандон: иқдоми рамазонии "Амид" дар Хуҷанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСтенд на празднике лепешек в Согдийской области
Стенд на празднике лепешек в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти фурӯшгоҳи “Амид” дар Хуҷанд дар моҳи шарифи Рамазон, растаи нон ташкил кардааст, ки ройгон ба эҳтиёҷмандон тақсим карда мешавад

ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Фурӯшандаҳои ин мағоза мегӯянд, ки ҳар касе, барои харидани нон душворӣ мекашад, метавонад аз ин ҷой нони ройгон бо худ барад. Аммо кормандони ин мағоза таъкид мекунанд, ин иқдом набояд суйистифода ва боис ба нафъи дигарон шавад.

"Баъзе нафароне, ки воқеан дуруст шароити харидани маводи ниёзи авваларо надоранд, хусусан нафарони танҳо ва нафақахӯру беморону бекорону бознишастаҳо, метавонанд биёянд ва бо худ нон баранд", иброз намуд як фурӯшандаи мағоза.

Ба гуфтаи фурушандаҳо, нони ройгон дар ду фурушгоҳи мағозаи “Амид” воқеъ дар соҳили рост ва чапи руди Сир ҳамарӯза як донаӣ ба ҳар ниёзманд дода мешавад.

Зироат Мирзиёева - Sputnik Тоҷикистон
Фонди ҳамсари Мирзиёев дар моҳи Рамазон ба занони ниёзманд 5 миллиард сум ҷудо кард

Зимнан ин аввалин коре нест, ки роҳбарияти ин фурӯшгоҳ баҳри ниёзмандон амали саховатмандонаеро роҳандозӣ кардааст. Солҳои қаблӣ ҳам дар моҳи Рамазон дар ин мағозаҳо рафҳои тақсими нони бепул ташкил шуда буд.

Ин фурӯшгоҳҳо, тобеъи ширкати "Амид" дар Хуҷанд мебошанд, ки молики он соҳибкор Саидамон Исомаддинов мебошад. Дар моҳи декабри соли гузашта, дар маросими ҷамбасти озмуни “Соҳибкори беҳтарини сол - 2019", ки бо иштироки чиҳил соҳибкори ғолиб дар Қасри Арбоби ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ҷамбаст гардид, Саидамон Исомаддинов дар қатори шаш соҳибкори дигар ба унвони аввалин барандагони номинатсияи нав таҳти Соҳибкори беҳтарини сол дар самти саховатмандӣ ва эҳсонкорӣ муаррифӣ шуд.

Яке аз барандагони дигари ин номинатсияи озмун Нурбибӣ Ҳоҷиева, соҳибкори инфиродӣ, аз ноҳияи Деваштич эълон гардид, ки 105 ҳазор сомонии ҳисоби нафақаву меҳнати чандсола ҷамъкардаашро барои сохтмони ду пул (купрук) и душворгузари деҳоти Деваштич сарф кардааст.

Лентаи хабарҳо
0