02:07 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
559 0 0

Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки аз оғози сол дар кишвар ба нафақагирон 5,2 миллион сомонӣ маблағ пардохт гардидааст

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik.  Ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон эълон доштааст, ки теъдоди умумии нафақагирон дар кишвар ба ҳолати 1 апрели соли равон дар кишвар беш аз 715 ҳазор нафарро ташкил додааст, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар"

Тибқи иттилои манбаъ омори мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 22 ҳазору 918 нафар ё 3,3 дарсад ва нисбат ба 1 январи соли 2020 4 ҳазору 207 нафар ё 0,6 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон тибқи хабари сарчашма, дар ин муддат ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 687,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 миллион сомонӣ ё 5,7 фоиз зиёд аст. Қисми хароҷотии буҷет 672,6 миллион сомониро ташкил намуд.

Барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилот аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ  661,6 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Инчунин дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа бо мақсади такмили низоми таъминоти нафақа лоиҳаи панҷ қонуни Тоҷикистон ва ду лоиҳаи қарори Ҳукумати кишвар ба вазорату идораҳои марбута барои мувофиқа пешниҳод гардида, лоиҳаи се қонун ва ду қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Барчаспҳо:
сомонӣ, пардохт, маблағ, нафақа, кишвар, мақомот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ