10:03 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Рӯзи ҳаштуми май Рузи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли аҳмар буда, ҳамзамон Рӯзи кормандони Хадамоти федералӣ оид ба ҳамкории ҳарбӣ – техникии Русия мебошад

Рӯзи 8 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1945 дар шаҳри Карлсхорстиназдикии Берлин Санади таслимшавии Олмон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба имзо расид.

День 7 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1947 Фаронса аз ҳайати Фонди байналмилалии асъор баромад.

Соли 1954 Конфедератсияи футболи Осиё таъсис дода шуд.

Соли 1960 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Куба муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Соли 1967 дар назди девори Кремли шаҳри Маскав сари оромгоҳи Сарбози номаълум Гулхани абадӣ афрӯхта шуд.

Рӯзи 8 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар Вазорати молияи Тоҷикистон як зумра ҳуҷҷатҳо миёни Тоҷикистон ва Бонки урупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми обёрии шаҳрҳои ҷанубии Тоҷикистон» ба имзо расиданд.

Соли 2010 дар шаҳри Маскав Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.

Соли 2012  аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»-ро баррасӣ карданд.

День 5 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Россия ва Қирғизистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар кард.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.

Соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии чумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии давраи панҷуми лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» баргузор гардид.

Соли 2015 дар робита ба таҷлили 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони роҳбарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқияҳои табрикотӣ ирсол намуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа, махсусан чавонон зиёда аз 300 килограмм маводи мухаддир сӯзонида шуд.

Соли 2018 дар Душанбе масоили муҳими рушди ҳамкории Тоҷикистону Корея муҳокима гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 май

  • Рузи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли аҳмар.
  • Рӯзи кормандони Хадамоти федералӣ оид ба ҳамкории ҳарбӣ – техникии Русия.

Рӯзи 8 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1912-1943 – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидқул Турдиев.

Соли 1916-1998 – адабиётшинос, доктори улуми филология Амирбек Абибов.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 1 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ