Кумаки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон: 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, доруворӣ ва мутахассис

© © Sputnik / Тимур БатыршинУчения спецслужб аэропорта по подготовке возможному прибытию инфицированных коронавирусом, в аэропорту Алматы.
Учения спецслужб аэропорта по подготовке возможному прибытию инфицированных коронавирусом, в аэропорту Алматы.  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад имрӯз ҳавопаймои ҳарбии Вазорати мудофиа бо кумакҳои ироанамудаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон вориди Душанбе шавад

ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар робита ба хуруҷ кардани маризии сироятии коронавирус ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ ироа мекунад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Мирзиёев: сарони Тоҷикистону Ӯзбекистон чи гуфтанд?
Интизор меравад, имрӯз ҳавопаймои ҳарбии Вазорати мудофиа кумати ирсолнамудаи Ӯзбекистонро ба Душанбе интиқол диҳад, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Гуфта мешавад, ҳамсоякишвари Ӯзбекистон дар мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, доруворӣ, хилъатҳои муҳофизатӣ, дастпушу ниқобҳоро ирсол намудааст.

Гузашта аз ин бо ҳавопаймои мазкур инчунин гуруҳи эпидемиологҳо ва вирусшиносон, ки таҷрибаи кор дар мубориза бо коронавирусро доро ҳастанд, озими  Тоҷикистон мешаванд.

Раҳмон дар бораи COVID - 19, даъват ба ҳимматбаландӣ ва сипос аз табибон: ин ҳам мегузарад

Зикр мегардад, мутахассисони ӯзбек омодаанд то дарҳол дар бемористонҳое, ки Вазорати тандурустӣ онҳоро сафарбар мекунад, даст ба кор шаванд.

Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Алиев саломатӣ хост: сӯҳбати ду президент аз коронавирус то кӯмак

Ёдовар мешавем, ки санаи 5 - уми май раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дода буд.

Сарони давлатҳо  авзои  кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро  баррасӣ  намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъяти  ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон феълан 461 дардманди кронавирус ба қайд гирифта шудаст. Ҳамзамон сар аз 30 - юми апрел то имрӯз дар ҷумҳурӣ 12 маризи коронавирус ҷон аз даст доданд.

Лентаи хабарҳо
0