Ҷашнҳои рӯзи 19 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 19 мая
День 19 мая - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи нунздаҳуми май дар Туркия иди миллӣ – Рӯзи ҷавонон ва варзиш буда дар Дания Рӯзи ибодати умум мебошад

Рӯзи 19 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1907 Ассотсиатсияи футболи Финландия таъсис дода шуд.

День 18 мая - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 18 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1930 дар Африқои Ҷанубӣ ба занони сафедпӯст иҷозаи дар интихобот иштирок кардан дода шуд.

Соли 2008 дар шаҳри Москва сомонаи нави Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кушода шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи XXIX Шӯрои байнидавлатӣ оид ба заминсозӣ, харитасозӣ, кадастр ва тадқиқи фосилавии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.

Рӯзи 19 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон дар бораи эълон гардидани соли 2004 ҳамчун Соли санъати эстрадаи муосир Фармон ба имзо расонид.

Соли 2010  дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон Муҳаммад Бодаҳдаҳ масоили мавриди таваҷҷуҳ ва тадбирҳои минбаъдаи судманд баррасӣ гардиданд.

Соли 2010 бар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон синни никоҳи духтарон аз 18 муқаррар шуд.

День 17 мая - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 17 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аввалин ҳисобот ва сомонаи худро муаррифӣ намуд.

Соли 2013 дар шаҳри Чианг Майи Шоҳигарии Таиланд Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут ба об”  баргузор гардид.

Соли 2016 дар меҳмонхонаи "Серена"-и шаҳри Душанбе Форуми доираи соҳибкории Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 май

  • Дар Туркия иди миллӣ – Рӯзи ҷавонон ва варзиш.
  • Рӯзи ибодати умум дар Дания.

Рӯзи 19 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Баравнӣ Салом Нуриён (1939) – шоир, адабиётшинос.

Наргис Бобозода (1975)- шоира.

Маҳмуд Исмоилов (1910- 1990)- арбоби давлатӣ.

Абдумаҷид Қодиров (1929 – 1987) – доктори илми таърих.

Абдусаттор Мирзоев (1932-2010) – доктори илми филология, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Масъуд Миршоҳӣ (1954)- олими эронӣ, узви фахрии АИ Тоҷикистон.

Ҳайдар Раҳматов (1957)- доктори илми иқтисод.

Геннадий Селезнёв (1936) – доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Алӣ Ҳамроев (1937)- кинорежиссёр.

Абдурауф Ҳошимов (1933-2002) – доктори илми фалсафа, профессор.

Лентаи хабарҳо
0