Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 21 мая
День 21 мая - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту якуми май Рӯзи байналмилалии кайҳон буда, дар Ҳиндустон – Рӯзи мубориза бо терроризм мебошад. Ҳамзамон 21 май, Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии фарҳангҳо баҳри гуфтугӯ ва рушд мебошад

Рӯзи 21 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1851 дар Австралия аввалин маротиба тилло пайдо карда шуд.

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкЗолотые слитки
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Золотые слитки

Соли 1904  бо мақсади пайваст кардани федератсияҳои футболи миллӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин бозӣ дар Париж Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияи футбол, (ФИФА) ташкил карда шуд. Аввалин президенти ФИФА Робер Герен интихоб гардид.

Соли 2006 дар Черногория барои ба даст овардани Истиқлолият раъйпурсӣ баргузор шуд.

Рӯзи 21 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир гардиданд.

День 20 мая - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар  ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ кард.

Соли 2007 дар шаҳри Душанбе Фестивали санъати мусиқии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Баҳористон» баргузор шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Санкт Петербург ҷаласаи 26-уми роҳбарони сохторҳои Шӯрои байнидавлатии мақомоти олии Иттиҳоди гумрукии Россия, Беларус ва Қазоқистон, Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авру Осиё дар сатҳи роҳбарони ҳукуматҳо ва Шӯрои роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии 38-уми Шӯрои директорони Бонки рушди исломӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, суханронӣ намуданд. Бояд зикр кард, ки дар ин вохӯрии сатҳи олӣ зиёда аз 740 нафар меҳмонони хориҷӣ қариб аз 80 ташкилоти минтақавию байналмилалии кишварҳои ҷаҳон  ташриф оварда буданд.

Соли 2014 дар иҷлосияи навбатии  МНМО ҶТ масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Соли 2017 дар Тоҷикистон Дави миллӣ доир шуд, ки дар он теъдоди зиёди сокинон дар саросари мамлакат иштирок намуданд.

Соли 2017 дар Арабистони Саудӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Америка иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 май

  • Рӯзи байналмилалии кайҳон.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи мубориза бо терроризм.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии фарҳангҳо баҳри гуфтугӯ ва рушд.
Лентаи хабарҳо
0