06:16 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
254910

Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, президенти ширкати “Ванҷ Фуд”, ки моҳи равон ба синни 43 расид, бар асари коронавирус даргузашт

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Наздикони Мунавваров мегӯянд, ӯ қариб як ҳафтаи охир дар шӯъбаи эҳё қарор дошт ва соати 11 ба 12-и шаби гузашта дар шаҳри Твер ҷон дод.

Эҳсон Раҳмихудоевич Мунавваров зодаи деҳаи Бунайи Ванҷ буда, 2 майи соли 1977 таваллуд шудааст. Мактаби деҳаро хатм карда, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст. Дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Маскав чаҳор сол таҳсил намуда, ба далели шуғлаш ба тиҷорат онро ба анҷом нарасондааст.

Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, ки аз соли 1994 дар Русия қарор дошт, молики ду ширкат-Ванҷ Фуд ва “Арзан Голд” мебошад, ки дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд.  Ӯ маҳсулоташро бо унвонҳои “Дары Таджикистана”, “Таджикчай”, “Памир”, “Бунайчай” пешниҳод мекард.

Тибқи иттилои сомонаи vanj.info, Эҳсоншо Мунавваров барномаи хайрияи хешро дошт, ки ба мустаманду дармондагон дасти ёрӣ дароз карда, дар созмондиҳӣ ва адои корҳои хайр дар миёни ҳаммеҳанони шаҳри Твер аз пешсафон буд.

Ӯ изҳор дошта буд, ки “ҳоли зору машаққати бархе аз ҳаммеҳанон дар мулки ғариб андӯҳгинаш менамояд, аз аъмоли бади бархе аз ҳаммеҳанон, ки миллатро бадном мекунанд, сахт озурдаву нороҳат мешавад. Вале худ мекӯшад ба қадри тавон барои баланд бардоштани обрӯи миллат коре анҷом диҳад”.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)

Мавзӯъҳои асосӣ