16:30 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (818)
122 0 0

Вазири шуғли аҳолии Ӯзбекистон Нозим Хусанов дар бораи афзоиши теъдоди бекорон дар кишвар иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ба далели ҳамагирии коронавирус сафи бекорон дар Ӯзбекистон ба 2 миллион нафар расид, хабар медиҳад Kun.uz бо такя ба раҳбари Вазорати шуғли аҳолии кишвар Нозим Хасанов.

Ба гуфти вазир то ҳамагирии коронавирус дар Ӯзбекистон як миллион нафар бекор буд. Пас аз эълони карантина сатҳи бекорӣ дар кишвар бештар шуд.

"Пандемияи коронавирус ба ҳамаи кишварҳо таъсири манфӣ расонид. То замони ҳамагирӣ шумораи бекорон дар Ӯзбекистон бо ҳисоби миёна 1,35 миллион касро ташкил медод, акнун бо сабаби баста шудани бархе аз ташкилотҳо теъдоди бекорон тақрибан 2 миллион нафар шуд", - гуфт Хусанов.

Вазир афзуд, ки баста шудани марзҳо 550 ҳазор муҳоҷирро аз кор маҳрум кард.

Ӯ қайд кард, ки феълан ҳукумати Ӯзбекистон барои баромадан аз буҳрони иқтисодӣ чораҳои заруриро меандешад. Аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки дар кишвар монданд ба кор дар сохтмонҳои дохилӣ ҷалб мешаванд.

"Масалан моҳи гузашта мо наздики 1,5 ҳазор муҳоҷирони меҳнатиро дар ноҳияи Сергилӣ ба кор ҷалб кардем. Ҳоло онҳо дар як моҳ аз 1,5 то 4,5 миллион сом музд мегиранд", - қайд кард Хусанов.

Пизишк: табобатшудаҳои коронавирус ҳам атрофиёнро сироят мекунанд

Ёдрас мешавем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон миёнаҳои моҳи март дар бадани як духтар, ки аз Фаронса бозгашт сабт гардид.

То имрӯз теъдоди гирифторони ин вабои аср дар Ӯзбекистон марзи 4,2 ҳазор касро урбур кард.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (818)
Барчаспҳо:
2 миллион нафар, корҷӯён, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ