21:15 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
110510

Болоравии арзиши маводи ғизоӣ дар Бадахшон, ки эҳтимолашро қабл аз буҳрони “вируси корона” қавӣ медонистанд, иттифоқ наафтод. Арзишҳо дар вилоят тағйир ё фарқи ҷиддие аз манотиқи дигар накарданду ҳоло ҳам намекунанд

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik, Фахриддин Холбек. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин дастоварди тамоми ниҳодҳои масъул шурӯъ аз идораҳои давлатӣ дар Душанбе то як соҳибкори оддӣ дар Хоруғ аст:

“Мо ҳанӯз моҳи феврал даст ба кор шуда будем. Таҳлили мо аз вазъе, ки дар ҷаҳон пеш меомад, ин буд, ки бояд захираҳои худро дошта бошем. Мо ниёзҳои вилоятро ҳам бо мақомоти кишвар ва ҳам ширкатҳое, ки бо тиҷорати маводи ғизоӣ машғуланд, ба миён гузоштем. То оғози моҳи май бо супориши шахсан президенти Тоҷикистон Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумат ин навъи маводро дар ихтиёри мо гузошт ва ҳам ширкатҳои анборҳо пур доштанд”, - гуфт Ғолиб Ниятбеков.

Бадахшон вилояти саросар кӯҳистонии Тоҷикистон аст, ки 220 ҳазор аҳолӣ дорад, аммо 47% - и қаламрави кишварро ташкил мекунад. Ин вилоят ба далели кам будани заминҳои кишоварзӣ имкони таъмини худ бо маводи ғизоиро надорад.

Воридоти амвол ба Бадахшон низ ба далели адами роҳи оҳану роҳҳои заминии саъбулубур ба сахтӣ тамом мешавад ва ҳатто дар замони Шӯравӣ қимати ҳама гуна маҳсулот дар вилоят аз қисматҳои дигари Тоҷикистон фарқ мекард. Маҳсулоти хӯрока низ умдатан аз шаҳри Душанбе, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои вилоятҳои Хатлон Суғд ва ҳам Қирғизистон ворид мешавад.

Дар оғози пандемия ё ҷаҳонӣ шудани “вируси корона” ин нигарониҳо дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки дар ҳоли баста шудани марзи миёни кишварҳо коҳиши воридот ва болоравии арзиши маводи ғизоӣ аз эҳтимол дур нест. Бо ин тахмину гумонҳо сокинони Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон 4 марти соли равон ба бозору дӯконҳо рехтанд ва арзиши маводи ғизоӣ якбора боло ҷаҳид. Ҳамчунин вазъ дар бозори Хоруғ, маркази маъмурии Бадахшон низ пеш омад, аммо мақомот зуд даст ба кор шуданд.

Ҳотамбек Алиназаров, як сокини Хоруғ ва шоҳиди он рӯзҳо ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нигаронии мардуми шаҳр ба ин далел, ки вилоят аз марокизи захираҳои маводи ғизоӣ дур асту болоравии нархҳо бесобиқа хоҳад буд, низ сар ба дӯкону бозорҳо заданд.

“Аммо он рӯз мақомот нагузоштанд, ки қиматҳо дар бозорҳо тағйир кунад. Гуфтанд, ки захира вуҷуд дорад ва нархҳо набояд дар пайи воҳима ва ба бозор рехтани афроди сарватманд гарон шаванд. Ҳеҷ касро иҷоза надоданд, ки аз меъёр зиёд маҳсулот харад. Масалан, қимати килои сирпиёз, ки мегуфтанд, барои ҷилавгирӣ аз маризиҳои сироятӣ фоида дорад, чанд соат дар бозори Хоруғ 100 сомонӣ буд. Аммо мақомот ҳозир шуданд ва гуфтанд, ки нарх аз 60 сомонӣ зиёд нашавад. Дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Душанбеву Хуҷанд ва Бохтор як килои он ба 80 – 90 сомонӣ дастрас мешуд”, - гуфт сокини Хоруғ.

Амрихудо Мамадёрбеков, директори “Ширкати тиҷоратии Помир”, ки бо тиҷорати меваву сабзавот машғул аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳое, ки дар шаҳрҳои дигари Тоҷикистон арзиши маҳсулоти хӯрока якбора боло рафт, дар бозори Хоруғ тағйири зиёд ва воҳимае пеш наомад.

“Масалан, ҳамин картошка дар шаҳри Душанбе ба 10 то 15 сомонӣ боло рафт, аммо дар Хоруғ қимати он аз 7 – 8 сомонӣ зиёд нашуд, зеро мо захираҳоро ба бозор ироа кардем ва ҳар килоро бо қимати 5,5 - 6 сомонӣ дар ихтиёри фурӯшандагони бозорнишин гузоштем”, - гуфт Амрихудо Мамадёрбеков.

Ширкати тиҷоратии Помир соли 2017 сабти ном шуда, соли 2018 ба фаъолият шурӯъ кард. Шояд барҷастатарин корнамоиаш то ба ҳол ин буда, ки дар буҳрони “вируси корона” бо захираи ҳудуди 300 тон сабзавоту мева тавонист қимати маҳсулоти ниёзи аввалро дар Хоруғ муътадил нигаҳ дорад, он чӣ аз нигоҳи мардум пӯшида намонд.

Ба қавли Амрихудо Мамадёрбеков, ин ширкат он замон меваву сабзавотро ба нархҳои дастрас вориди бозор кард, аз ҷумла ҳар кило картошка - 5.30, пиёз - 3, сабзӣ - 2, карам - 2.30, гулкарам – 7, лаблабу - 4.50, норанҷӣ (апелсин) – 23, себ – 12, нок – 10, банан – 16, лимӯ – 38 сомонӣ арзиш дошт. Бархе нархҳо дар қиёс бо дигар манотиқи кишвар арзонтар буданд, аз ҷумла лимӯ, ки дар хостгоҳаш водии Вахш то 40 сомонӣ хест.

Амрихудо Мамадёрбеков мегӯяд, он замон ширкат ба ин натиҷа расид, ки бо истифода аз вазъ ҷайб фарбеҳ накунад, балки танҳо бо арзишу роҳкиро маҳсулотро вориди бозор намояд.

Нозирони ҳол дар Бадахшон мегӯянд, ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ дар Бадахшон зимни як ҷаласа ба ин натиҷа расиданд, ки дар чунин вазъи буҳронӣ ва дурнамои торик аз ҳосил кардани суд амалан даст кашанд.

Файзи Мирҳасан, коршиноси маҳаллӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз моҳи апрел як эътилофи соҳибкорон арзи вуҷуд карда, нахуст як миллион сомонӣ дар миён гузоштанд, то ба вилоят орд ворид кунанд.

“Ин орд аз Суғд ба вилоят интиқол ёфт. Соҳибкорон бар иловаи роҳкиро ду сомонӣ фоида сари ҳар халта гузошта, ҳамонро ҳам ба шифохонаҳои вилоят тақдим карданд. Ҳоло як халта орд дар бозори Хоруғ аз 260 то 280 сомонӣ аст. Бақия маводи ғизоӣ, аз қабили равғану биринҷ ва ғайраро низ аз ҳамин роҳ ворид карданд. Бархе ҳам зиён диданд. Аммо се-чор ҳазор сомонӣ зиён барои тоҷир маблағи қобили мулоҳизае нест”, - гуфт Файзи Мирҳасан.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон дар Бадахшон мегӯянд, марҳалаи ҳассоси буҳрони “вируси корона” бидуни мушкили хос пушти сар шуд, аммо оянда чӣ армуғон дар пай хоҳад дошт, равшан нест. Ба қавли онҳо, ҳамоно аз ҳамин хат – муқовимат ба ҳама гуна чолишҳо пеш хоҳанд рафт, зеро то буҳрон ҷаҳонӣ аст, “Боми ҷаҳон” ҳам буҳронӣ хоҳад монд.

Барчаспҳо:
картошка, сабзавот, арзиш, маводи ғизоӣ, сокинон, Бадахшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ