Боздиди Ҳакимзода аз Чорбоғ, маҳаллаи навбунёд барои сокинони зарардидаи Хуросон

© котиботи ҳукумати ХатлонҚурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, имрӯз аз маҳалли навбунёди Чорбоғ боздид карда, бо сокинони аз офати табии моҳи май зарардидаи ноҳияи Хуросон суҳбат анҷом дод

ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Раиси Хатлон гуфт, ҳамдастии тамоми фаъолони вилоят, аз ҷумла ҷавонон, занон, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҳизбиён дар кори сохтусози манзилҳои нави зист нишонаи раднопазири ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмии мардуми сарбаланд ва сулҳу субот дар мамлакат аст, хабар дод котиботи ҳукумати вилоят.

Как в Душанбе делают тесты на COVID-19 - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Навор аз дохили ташхисгоҳи коронавирус дар Душанбе: тести COVID- 19-ро чигуна мекунанд?

Ба иттилои манбаъ, Қудратулло Олимов, падари 4 фарзанд, ки алъон бо мусоидати кормандони беморхонаи марказӣ ва дигар ихтиёриён хонасозӣ мекунад, барои кумакҳо изҳори сипос намуд.

Котибот афзуд, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин аз хаймаҳои зисти муваққатии шаҳрвандон якояк дидан намуда, онҳоро ҳол пурсиду ҳамроҳашон суҳбат орост.

“Шаҳрвандон Сафоев Абуалӣ, Музаффарова Сайфия (хонаи №17), Сафоев Ҷаббор (хонаи №21) ва дигарон аз дастгирии бевоситаи роҳбарияти давлат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳия ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорӣ карданд. Гуфтанд, ки барояшон на танҳо масолеҳи сохтмонӣ муҳайё шудааст, балки барои кашонидани сангу қум, хишту дигар лавозимот якчанд адад мошини боркаш ташкил кардаанд. Инчунин, нисфирӯзӣ ва шомгоҳ ҳамаи хонаводаҳо ва дастёрони ихтиёрӣ бо таоми гарм таъмин мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.

Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ дод, ки Бобоҷон Кибориён, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки бо гурӯҳи устодони ин муассиса ба бунёди зербинои яке аз манзилҳо андармон буд, зимни суҳбат гуфт, ки ДДБ сарпарастии корҳои сохтмониро дар хонаҳои №17 ва 43-и деҳи навбунёд ба зимма гирифтааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарият ва ҳамаи омӯзгорони донишгоҳ барои ташаббуси наҷибашон ташаккур баён намудаст.

Лентаи хабарҳо
0