23:22 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (587)
2662 0 0

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ғайриҳукуматии "Этмос" дар Русия мегӯяд, интиқоли тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватанро нахуст бор ӯ пешниҳод намуда буд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Шоми 15 ба 16 - уми июн  тариқи мошини боркаши яхдондор, тобути 50 шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Маскав ба ватан фиристода шуд.

Саҳнаи ба мошин бор кардани тобути муҳоҷирони тоҷикро, ҳомии ҳуқуқ ва роҳбари созмони ғайриҳукуматии "Этмос" Каримҷон Ёров дар сафҳаи худ дар Фейсбук нашр кард.

Боздошти гурӯҳии муҳоҷирон дар маркази савдои "Горбушка" дар Маскав

Номбурда тафсилоти пурраи ирсоли тобути муҳоҷиронро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

Ба гуфтаи Ёров, ҳанӯз чанд моҳ пеш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ пешниҳод намуда буд, ки тобути муҳоҷирони тоҷикро тариқи роҳи заминӣ ба Тоҷикистон бифиристанд.

Аммо пешниҳоди ҳомии ҳуқуқро дур аз ҳақиқат диданд.

"Пас аз он ки, шаҳрвандони Ӯзбекистон аз ин шеваи интиқоли тобутҳо ба ватан кор гирифтанд, тоҷикистониҳо низ қоил шуданд, ки пешниҳоди ироакардаи ман ҷон  доштааст", - изҳор дошт Ёров.

Қаблан соҳибкорон ва тоҷикони муқими Русия ба далели ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои барзиёд барои интиқоли тобути муҳоҷирон ва мушкилот аснои аз марз убур кардан, онро ғайриимкон донистанд.

Вале баъдан маълум гардид, ки убур кардани марз барои мошине, ки ҳомили тобут аст, ягон мушкили мавҷуд надорад, "дар сурате, агар тамоми қавонини санитарӣ риоя карда шавад".

Каримҷон Ёров исрор меварзад, ки интиқоли тобути муҳоҷирон бо ташаббуси як соҳибкорӣ тоҷик дар ҳамдастӣ бо дӯстони ӯ амалӣ гардид.

Ёров мегӯяд, аз иқдоми пешгирифтаи соҳибкор тавассути як шиноси худ огоҳӣ пайдо кард.

"Он замон дӯстам гуфта буд, ки соҳибкори тоҷик дар садади интиқол додани тобути муҳоҷирон ба ватан қарор дорад, вале дар пайдо кардани мошини мувофиқ танқисӣ мекашад. Ман зуб бо ӯ дар тамос шудам, вале соҳибкор аллакай ҳамаи норасоиҳоро бартараф намудаст", - мегӯяд ҳомии ҳуқуқ.

Дар мавриди шахсияти соҳибкори саховатманд Ёров таъкид намуд, ки номбурда қатъият бар хилофи расонаӣ шудани номи ӯ ва аъмоли хайраш мебошад.

Аз шустану кафан то ҷанозаю дар қабргузории фавтида аз COVID-19: эълони Кумитаи дин

Ёдовар мешавем, ки бо авҷ гирифтани маризии сироятии коронавирус, аксар кишварҳои ҷаҳон роҳҳои заминӣ ва ҳавоиро бастанд. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ барои чанд моҳ баст буд. 

Дар замони пандемия, ки даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бинобар оризаҳои гуногун ҷон бохта буданд, имкони интиқоли ҷасади онҳо ба ватан мавҷуд набуд.

Акнун тоҷикистониҳо дар Русия кӯшиш мекунанд, ки бо роҳи заминӣ ҳам бошад, ҷасади ҳамватанони худро барои ба хок супурдан, ба ватан интиқол диҳанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (587)
Барчаспҳо:
интиқол, ҳомии ҳуқуқ

Мавзӯъҳои асосӣ