14:32 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
394710

Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сар аз 25 - уми июн парвозҳои чартерӣ самти Русия Тоҷикистон аз сар гирифта мешаванд

ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Вазорату умури Тоҷикистон аз ифтитоҳ шудани парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон хабар дод.

Бар хабари котиботи вазорат, аз сар гирифтани парвозҳо бо дастури кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

"Шурӯъ аз 25-уми июни соли 2020 барои марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои ватании "Тоҷик-Эйр" ва "Сомон-Эйр" ба самти шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги  Русия ва аз ин шаҳрҳо ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд", - таъкидмешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ҳангоми баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кўдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷўён ва нафарони ҳамроҳ, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар Русия дармондаанд авлавият дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рўйхати шаҳрвандоне мебошад, ки бояд ба Ватан баргардонида шаванд. Пас аз омода гардидани ин рўйхатҳо шаҳрвандон барои харидории чипта хабардор карда мешаванд.

Оё дар ҳақиқат муовини сарвазири Русия ба Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи парвозҳо меояд?

ВУД аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намудаст, то муроҷиатҳои худро ба суроѓаи электронии charter-russia@mfa.tj бо дарҷи маълумоти тамос ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ирсол намоянд.

Маълумот оид ба рўзҳои парвоз бо назардошти мувофиқа бо ҷониби Федератсияи Русия ва гирифтани иҷозати мақомоти авиатсионии ин давлат иловатан пешниҳод карда мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ