14:54 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1020 0 0

Шаҳрдории Душанбе аз қатъи обрасонӣ дар яке аз ноҳияҳои пойтахт дар давоми як шабонарӯз хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино, аз соати 22:00 рӯзи 22 июн то соати 23:00 рӯзи 23 июни соли 2020 қатъ мегардад.

Бино ба гузориши шаҳрдорӣ обрасонӣ дар маҳаллаҳои Арбобхотун, Конститутсия, Чортут, Сомон, хиёбони Борбад (аз кӯчаи Фирдавсӣ то шаҳраки Гипрозем), кӯчаҳои П.Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, Балъамӣ, Қаҳорӣ ва шаҳраки П.Нахимов  аз соати 22:00 рӯзи 22 июн то соати 23:00 рӯзи 23 июни соли 2020 қатъ мегардад.

Тибқи иттилои манбаъ, ин амал бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Р.Набиев роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур, раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Барчаспҳо:
эълон, қатъ, интиқоли обрасонӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ