23:50 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
854 0 0

Сокини Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба ваъдаи додагии худ вафо кард. Ӯ замоне ба падари худ ваъда додааст, ки ба ӯ мошини гаронбаҳо ҳадя мекунад

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik.Сокини Хистеварз дар солрӯзи падари худ аз Амрико ба ӯ мошини гаронбаҳои "Лексус" ҳадя фиристодааст. Замоне падараш мошини худро ба ӯ дода буд. Он вақт ҷавон ваъда медиҳад, ки ҳатман бар ивази ин мошин ба падари худ худрави гаронбаҳо ҳадя мекунад.

Навори дастрас кардани мошини "Лексус" ба соҳибаш, дар гурӯҳи Фейсбукии "Хуҷандро дӯст медорам" як корбар бо номи Мухлиси саҳифа нашр намудаст.

Тӯҳфа дар рӯзи мавлуд: ба Юлдуз Усмонова мошини BMW X7 ҳадя карданд

Муаллифи навор калиди мошини Лексусро ба сокини Хистеварз ҳадя намуда, ба ӯ таманнияти некро орзу мекунад.

Зимнан, мард низ хост ба фарзанди худ ва нафароне, ки мошинро оварданд дуо кунад, аммо аз хурсандӣ ва ҳаяҷон гиря гулӯгираш мекунад ва ашки шодӣ аз чашмони ӯ равон мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ