Худро муҳтоҷ вонамуд мекунанд: тасмими пулиси Хуҷанд барои поксозии шаҳр аз талбандагон

© пресс-служба МВДРейд по вылавливанию попрошаек и бомжей в Худжанд
Рейд по вылавливанию попрошаек и бомжей в Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст маркази маъмурии вилоятро аз афроди талбандаву садақаҷӯ, ки сохтакорона худро фақиру бечора вонамуд намуда рӯзгори муфтхурона пеш мебаранд тоза намояд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД ҳамчунин шахсони майзада ва беҷои зисти доимӣ, ки зиндагии хиёбониро пеша намуда, бо рафтор ва гаштугузори беадабона маданияти шаҳрдориро халалдор месозанд мавриди корбари қарор мегиранд.

Боздошти ҷавонписари солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабси ҷавони талбанда дар Душанбе: солим аст, аммо худро маъюб вонамуд мекард

Ба иттилои манбаъ, омиле ки милитсияи Хуҷандро имрӯз ба гузаронидани чорабинии ҳуқуқӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти садақаҷӯии афроди алоҳида водор намудааст, ин пайдо шудани шахсони майли талбандагӣ дошта дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди марказҳои савдою хизматрасонӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ мебошад, ки роҳрав ва саҳни даромадгоҳи назди мағоза ва марказҳои савдоро барои гадоӣ мувофиқ ҳисобида худро муҳтоҷу бечора вонамуд менамоянд.

Манбаъ мегӯяд, раҳму дилсӯзии мардуми хайрхоҳ барои зиёд шудани шахсони садақаталаб мусоидат кардааст.

“Дар ҳолеки аксарияти онҳо тану ҷисми солим дошта метавонанд ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шаванд. Дар ҷараёни рейд мушоҳида мешуд, ки аксаран занҳо талабандагиро пеша кардаанд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни рейд, ки ҳам шабона ва ҳам рӯзона доир гашт 20 нафар афроди талбанда зимни машғулшудан ба садақаҷӯӣ боздошт ва ҳамчунин 18 нафар шахсони оворагарду беҷои зисти доимӣ, ки дар ҳудуди гулгашти “Муҷассамаи ғалаба”-и мавзеи бозори Панҷшанбе тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекарданд ба шуъбаи милитсия дастрас гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.  .

Лентаи хабарҳо
0