14:14 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Заминларза дар Тоҷикистон (21)
254 0 0

Хисороти заминҷунбӣ дар Тоҷикобод муайян шуда, феълан масъалаи расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолии зарардида баррасӣ ва ҳаллу фасл мешавад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Гурӯҳи кории байниидоравӣ хисороти заминҷунбӣ дар деҳоти ноҳияи Тоҷикободро муайян намуд. Дар ин хусус АМИТ "Ховар" бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

"Ба асари заминҷунбӣ 26 манзили истиқоматӣ қисман зарар дидаанд, 85 хонаи истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасони воқеъ дар деҳаҳои Ганишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об, Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, Нушори ҷамоати деҳоти Нушор, Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев каму беш осеб дидаанд", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, санҷиш нишон дод, ки хонаҳои аз заминҷунбӣ зарардида дар солҳои 70-80-уми асри гузашта бидуни риояи қойидаҳо ва меъёрҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ бунёд шудаанд. Заминҷунбӣ талафоти ҷонӣ ба бор наовардааст.

Айни замон масъалаи расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолии зарардида баррасӣ ва ҳаллу фасл мешавад.

Барои муайян кардани хисороти заминларза гурӯҳи корӣ ба Тоҷикобод рафт

Хотирнишон менамоем, ки 4 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминдарза ба кайд гирифта шуд. Маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод: чанд манзили сокинон хароб шуд

Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (21)
Барчаспҳо:
ҳисоб, хисорот, заминҷунбӣ, Тоҷикобод

Мавзӯъҳои асосӣ