11:58 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
221 0 0

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор дод, афроде, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти иҷро, дар шаш моҳи соли равон нисбат ба шахсоне, ки аз пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғашон саркашӣ намудаанд, масъалаи ҷавобгарии ҷиноӣ ба миён гузошта шуд. Манбаъ афзуд, ки дар нимсола зиёда аз 250 пешниҳод барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани саркашҳо аз алимент ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда шуд.

"Дар ин давра ҷиҳати ситонидани алимент 5 503 ҳуҷҷати иҷро барои иҷрои маҷбурӣ ба Хадамот ворид гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 408 санади иҷро камтар мебошад", - хабар дод "Ховар" аз қавли сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон, Барно Саидвализода.

Таъкид гардидаст, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ситонидани алимент маҳсуб мешавад.  Аз соли сипаришуда то ба имрӯз зиёда аз 69 ҳазор санадҳои иҷро вобаста ба ситонидани алимент дар баррасии иҷрочиёни Хадамот қарор дорад, афзуд манбаъ.

Зикр шуд, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ниҳоди навтаъсис дар мамлакати  мебошад, ки сохтори кории судиҷрочиён ба тобеияти он гузаштааст. Тобеияти судиҷрочиён ба Вазорати адлияи Тоҷикистон аз соли 2018 расман хотима ёфт.

Барчаспҳо:
иҷроия, хадамот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ