06:42 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1423 0 0

Сарояндаи машҳури Тоҷикистон ва Қазоқистон Парвиз Назаров ба аҳли хонаводаи овозхони номдор ва ҷавонмарг Баҳром Ғафурӣ изҳори ҳамдардӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Парвиз Назаров Баҳром Ғафуриро дӯст ва инсони вовеъӣ хонда, аз реҳлати ӯ изҳори таассуф намуд.

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

"Хайр дӯстам! Ту инсони заминию воқеъӣ ва мусиқачии асил будӣ. Се рӯз пеш дар инстаграмат аз нашри суруди нав хабар додӣ ва ман гуфтам, ки ин суруд албатта Хит мешавад. Ҳоло ту нестӣ, ин бароямон фоҷиаи бузург аст",  навиштааст Парвиз ва бо аҳли хонавода ва дӯстони Баҳром Ғафурӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Парвиз Назаров ҳамчунин аз овозхонии муштарак бо Баҳром Ғафурӣ ёдоварӣ карда, изҳори хушнудӣ кардааст, ки тавонистанд ҳамроҳ суруде бисароянд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Прощай мой друг!Ты был настоящим,искренним человеком и прекрасным музыкантом.Три дня назад ты выставил пост в инстаграмме,о том что выходит твоя новая песня, я прокомментировал,Новый хит! Ты ответил…Спасибо Парвизджон!А сейчас тебя уже нет, это большая трагедия для нас,тех кто любил,ценил и уважал тебя!Вспоминается как мы репетировали а днем позже состоялось наше совместное выступление, где нас приветствовало 20000 человек, мы пели песню «Лове лов» тебе она очень понравилась, ты еще сказал: Она мне очень подходит…Как будто она сделана для меня..Как хорошо что мы с тобой успели это сделать!Спасибо тебе за чуткость и внимание.Скорблю вместе с твоей семьёй и твоими родными🙏!Прощай дорогой Бахром! #RIP #бахромгафури

Публикация от Parviz Nazarov|Парвиз Назаров (@parviznazarovpnf)

Ёдовар мешавем, овозхони машҳури Тоҷикистон Баҳроми Ғафуровӣ субҳи рӯзи 7 - уми август дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.

Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

Барчаспҳо:
даргузашт, сӯгворӣ, ҳамдардӣ, Парвиз Назаров

Мавзӯъҳои асосӣ