15:22 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Рӯзи ҳабдаҳуми август дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва кормандони роҳи оҳан мебошад

Рӯзи 17 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1858 аввалин маротиба миёни Америка ва Аврупо алоқаи телеграфӣ пайваст карда шуд.

День 15 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1916 Руминия барои пайвастан бо Антанта розигӣ дод.

Соли 1916 дар Олмон барои фурӯши гӯшт меъёр муқаррар карда шуд.

Соли 1936 аввалин анҷумани нависандагони ИҶШС баргузор шуд.

Соли 1943 Португалия ба Англия иҷозат дод, ки Ҷазираи Азорро ҳамчун пойгоҳи авиатсионӣ истифода барад.

Соли 1959  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ироқ барои сохтани реактори ҳастаӣ дар Ироқ шартнома  ба имзо расонид.

Соли 2018 дар шаҳри Тошканд Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА» ба имзо расид.

Рӯзи 17 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1948 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

День 14 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2002, 123 шаҳрванди Тоҷикистон, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ кишварро тарк карда буданд, аз Қарочӣ ба Душанбе баргаштанд.

Соли 2006 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Соли 2011 ҷомеаи Аврупо ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони “Роҳбари асри XXI“-ро тақдим кард.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро даъват намуда, ба он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро барои баррасӣ пешниҳод намуданд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон- Ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Соли 2018 дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии «Ӯзбекистон» дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 август

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
  • Дар Габон –  Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Индонезия – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 17 август кӣ дар Тоҷикистон ба дунё омадааст

Лайлӣ Бобоева (1963) – доктори илми фалсафа.

Темур Зулфиқоров (1936) – адиби руснигори тоҷик.

Тимур Касымович Зульфикаров — поэт, прозаик и драматург
© Sputnik / Амир Исаев
Тимур Касымович Зульфикаров — поэт, прозаик и драматург

Леонид Корнеев (1909 – 1987) – рассом ва актёри театр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Ашўра Носирова (1924) – раққоса, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Тўйчӣ Самадӣ (1909 – 1986) – мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Михаил Табачников (1930) – нависанда.

Ҳадя (Саломат Раҷабова) (1948)- шоира.

Темур Зулфиқоров адиби саршиноси тоҷику рус.

Ӯ 17 августи соли 1936 дар Душанбе ба дунё омадааст.

Ӯ муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла "Рояли сафед", "Ошпаз ва овозхон", "Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад", "Мурғи сиёҳ", "Саробҳои ишқ", "Ишқи аввали Насриддин", "Бозгашти Хоҷа Насриддин" ва "Пешхидмат бо лаълии тилло" мебошад.

© Sputnik
Зульфикаров признался в любви родине романсами

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 10 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ