22:53 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Рӯзи 24 август дар Украина – Рӯзи истиқлолият, дар Қирғизистон – Рӯзи неруҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва дар Либерия – Рӯзи парчам мебошад

Рӯзи 24 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1936 дар Олмон хизмати ҳарбии дусола ҳатмӣ гардид.

День 23 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1954 дар ИМА Ҳизби коммунистӣ баста шуд.

Соли 1995 фурӯши расмии низоми амалиётии Windows 95 оғоз гардид.

Соли 2002 дар Урдун  қароре қабул карда шуд, ки истифодаи Парчами давлатиро бо мақсадҳои рекламавӣ манъ мекард.

Соли 2010 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аввалин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

Рӯзи 24 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин мебошад.

День 22 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1992 Нурулло Ҳувайдуллоев, прокурори генералии Тоҷикистон аз сӯи афроди номаълум парронда шуд.

Аз "ҳаводиси баҳманмоҳ"-и соли 1990 дар Душанбе 26 сол гузашт

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Соли 2006 Дар Душанбе баъд аз музокироти раисони Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Шӯрои Русия - Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сергей Миронов созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳои болоии парлумонҳои ду кишвар ба имзо расид.

Соли 2010 дар Ҷамоати деҳоти "Гулшан"-и ноҳияи Фархор корхонаи ресандагӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2010 бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли семент расман ба кор дароварда шуд, ки  он имкон дорад 80 нафарро бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намояд.

Соли 2016 роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба истифода дода шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ҷаласаи 25-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 август

  • Дар Украина – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи неруҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ.
  • Дар Либерия – Рӯзи парчам.

Рӯзи 24 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Тамара Абдушукурова (1940) – актрисаи театр, профессор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Юсуф Носиров (1932 – 2007) – доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Рассовский Лев (1933) – доктори илми геологӣ.

Носир Саидӣ (1901-1980)- нависанда, мутарҷим, адабиётшинос.

Шарофиддин Сайфиддинов (1929) – оҳангсоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ходими шоистаи Ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаидавлатии ба номи Сино.

Ҳотам Солеҳбоев (1910-1987)- арбоби давлатӣ.

Анвар Тавобов (1951) – шоири руснигори тоҷик.

Пўлод Толис (1929 – 1961) – нависанда.

Нусур Холмуҳаммадов (1935 – 1990) – мутарҷим.

Шарифзода Қуйбек (1958)- шоир.

Салима Шарифова (1950) – адибаи тоҷиктабори Қиризистон.

Солиҷон Шарифов (1964)- лётчик- кайҳонавард, Қаҳрамони Руссия (миллаташ тоҷик).

Пўлод Шоазимов (1963) – доктори илми фалсафа.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 19 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷашн, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ