16:24 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Рӯзи 26 август дар Аргентина — Рӯзи ҳунарпешагон, дар Намибия – Рӯзи қаҳрамонон, дар ИМА – Рӯзи баробарҳуқуқии занону мардон ва Рӯзи истиқлолият дар Ҷумҳурии Абхозистон, Малайзия, Осетияи Ҷанубӣ мебошад

Рӯзи 26 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1867  дар Порис аввалин конгресси байналмилалии тиббӣ баргузор гардид.

День 25 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1926 дар Италия клуби футболи «Фиорентина» таъсис дода шуд.

Соли 1955 шабакаи телевизионии NBC аввалин маротиба дар ҷаҳон пахши рангаи гузориш аз мусобиқаи теннисро ба роҳ монд.

Соли 1982 дар Аргентина манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бекор карда шуд.

Соли 1991 Парлумони Молдова декларатсия оид ба истиқлолияти ин кишварро қабул намуд.

Рӯзи 26 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1964 дар Душанбе аввалин маротиба консерти ансамбли эстрадии “Гулшан” баргузор шуд.

День 24 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2007 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Америка пули азими миёни Тоҷикистону Афғонистонро расман ифтитоҳ намуд.

Соли 2008 дар ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар “Боғи устод Рӯдакӣ” баъд аз таҷдид кушода шуд.

Соли 2011 бо иштироки Э. Раҳмон роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, ки Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад, кушода шуд.

Соли 2016  Эмомалӣ Раҳмон варзишгари номдори мамлакат Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе баргашт, ба ҳузур пазируфта,  ба ӯ 300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ тақдим намуд.

Эмомали Рахмон встретился с чемпионом ОИ Дильшодом Назаровым
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Эмомали Рахмон встретился с чемпионом ОИ Дильшодом Назаровым

Соли 2016   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вазъияти тантанавӣ Дилшод Назаровро барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ- Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонид.

Ҷашнҳои рӯзи 26 август

  •  Дар Аргентина — Рӯзи ҳунарпешагон.
  • Дар Намибия – Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар ИМА – Рӯзи баробарҳуқуқии занону мардон.
  • Рӯзи кормандони соҳаи куҳканӣ.
  • Рӯзи истиқлолият дар Ҷумҳурии Абхозистон, Малайзия, Осетияи Ҷанубӣ.
  • Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ дар Туркия.

Рӯзи 26 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соҳибдавлат Алиназарова (1954)- актрисаи театр.

Сергей Баласанян (1902 – 1982) – оҳангсоз, профессор, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Бурибек Бурибеков (1958)- нависанда.

Хуршедҷон Зиёев (1963) – доктори илми фалсафа, профессор.

Исломқул Икромов (1958) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Имомназар Келдиев (1933) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Файзалӣ Комилов (1956) – доктори илмҳои физикаю математика.

Бахтиёр Қодиров (1963)- доктори илми педагогӣ.

Маҳмуд Маликов (1939) – доктори илми таърих, профессор.

Владимир Молдовер (1930) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Комил Пўлодов (1936)- арбоби ҳизбию давлатӣ.

Дилбар Умарова (1949) – актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Зафар Усмонов (1937) – доктори илмҳои физикаю математика, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн

Мавзӯъҳои асосӣ