06:27 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
228310

Риш ба нигоҳ доштани равғанҳои табиӣ дар пӯст мусоидат мекунад. Ҳамчунин риш метавонад, соҳибашро аз маризии саратон муҳофизат кунад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Пизишки дерматовенерологи дараҷаи олӣ, номзади илмҳои тиб Наталя Козлова бар ин бовар аст, ки гузоштани риш ба ҳифзи саломатии инсон кӯмак мекунад. Козлова дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Аргументы и факты" хабар додааст.

"Дар ҳақиқат, риш танҳо як унсури услуб ё арҷгузорӣ ба мӯд нест. Он, аз ҷумла, хосиятҳои ба пӯст судманд буданро низ дорад", - афзудааст мутахассиси рус.

Ба изҳори ӯ, риш қоблияти нигоҳ доштани равғанҳои табиӣ дар пӯстро дорад, ки дар натиҷа пӯст пайваста тар ва мулоим хоҳад буд.

Гузашта аз ин, риш пӯсти рӯйро аз таъсири нурҳои ултрабунафш, аз ҷумла аз саратон муҳофизат мекунад.

Фоидаи дигар он аст, ки риш аксуламалҳои аллергияро коҳиш медиҳад. Яъне, мӯи рӯй ҳамчун як филтр амал мекунад, ки вуруди ангезандаҳоро бевосита аз муҳити беруна пешгирӣ мекунад.

Духтур таъкид кард, ки тоза нигоҳ доштани риш муҳим аст, вагарна он макони парвариши бактерияҳо мешавад.

Барчаспҳо:
саратон, риш, олимон

Мавзӯъҳои асосӣ