19:27 30 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
128 0 0

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, бо имзои як қарор барои кумаки моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт наздики 5 миллион сомонӣ ҷудо кард

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бар асоси қарори раиси Душанбе, идораи молия муваззаф шудааст, ки 4 миллиону 913 ҳазору 300 сомониро ҷудо кунад.  Аз ин пул 196 ҳазору 300 сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва 4  миллиону 717 ҳазор сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои Душанбе пешбинӣ шудааст.

Таъкид шудааст, ки супоридани маблағ то 8 сентябри соли равон роҳандозӣ шавад.

Ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маблағҳо аз ҷониби мақомдорони Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо супорида шавад.

Ноибони раиси Душанбе дастур гирифтаанд, ки кумакпулиро ба кормандони идораи нигоҳдории роҳҳои пойтахт бо иштироки намояндагони мақомоти молияи шаҳр супоранд.

“Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад”, -омадааст дар қарор.

Барчаспҳо:
кӯчарӯбон, Душанбе, қарори Рустам, кумак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ