Ҷашнҳои рӯзи 8 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 8 сентября
День 8 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 8 сентябр, Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистӣ ва Рӯзи байналмилалии саводнокӣ мебошад. Ҳамчунин, дар Русия – Рӯзи мутахассисони корҳои молия, дар Македония – Рӯзи истиқлолят ва дар Малта Рӯзи ғалаба мебошад

Рӯзи 8 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1636 яке аз машҳуртарин донишгоҳҳои ИМА-Гарвард таъсис дода шуд.

День 6 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1905 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Италияи Ҷанубӣ беш аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1970 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  низомномаи мактабҳои миёна қабул гардид.

Рӯзи 8 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар пайи як ҳамла вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон -- Абдураҳим Раҳимов кушта шуд.

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалии  "Саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ" баргузор гардид.

Соли 2007  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси бошукӯҳ ба ифтихори 16-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суханронӣ кард.

День 5 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 5 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 дар ноҳияи Варзоб зеристгоҳи барқии  «Душанбе-500» ба истифода дода шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Соли 2014 масоили гуногуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия, аз ҷумла, дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, сайёҳӣ, технология, энергетика ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.

Соли 2015 маҷаллаи мисрии «Diplomacy» дар шумораи навбатии худ  мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро бо сармуҳаррири маҷаллаи мазкур Абдулҳай Мухтор чоп намуд. Дар мусоҳибаи мазкур сафири давлати мо ба пурсишҳои сармуҳаррири маҷалла дар бораи таърих, вазъ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Миср ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми нашрия посух дод.

Соли 2016 дар толори бузурги «Кохи Борбад» ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ба истифода додани НОБ-и “Пшихарв” дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ.

Ҷашнҳои рӯзи 8 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистӣ.
  • Рӯзи байналмилалии саводнокӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи мутахассисони корҳои молия.
  • Дар Македония – Рӯзи истиқлолят.
  • Рӯзи ғалаба дар Малта

Рӯзи 8 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Fолиб Fоибов (1944)- шарқшинос-муаррих, профессор.

Лепник – Мировский Николай (1912 – 1984) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сангимурод Муруватуллоев (1954) – доктори илми байторӣ.

Далер Назаров (1959) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Александр Осипов (1906 – 1981) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Меҳрубон Раҳмонов (1961) – коргардони ТВ.

Владимир Чикатунов (1940) – доктори илми биологӣ, профессор.

Лентаи хабарҳо
0