"Ҳаёти ман аст": ҳамсари ҷавони Сурайё Қосимова аз мардум хост, ӯро ба ҳолаш гузоранд

Обуна шудан
Ҳамсари ҷавони примадоннаи тоҷик Сурайё Қосимова ахиран пас аз баҳсҳои гарм дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати хонадоршавии ӯ бо овозхони номдор, як навори видеоӣ мунташир намуд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Пӯлод Шаропов ҳамсари 45 - солаи Сурайё Қосимова дар як навори кутоҳи видеоӣ ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намудааст.

Шаропов дар ин навор аз ҳамагон даъват намудааст, ки ба зиндагии ӯ кордор нашаванд ва ӯро ба ҳолаш гузоранд.

Ӯ мегӯяд, ҳар коре, ки анҷом додааст, интихоби ӯст ва ҳеҷ кас ҳаққи муҳокима карданашро надоранд.

"Илтимос! Ҳарчӣ-ҳарчӣ гап назанед! Ин ҳаёти ман аст. Ба шумо чӣ дахл дорад ҳамин кору борҳо? Хапу дам аз қафои кори худатон шавед охир! Чӣ кор кардам, чӣ кор накардам, ин кори ман аст, шахсӣ кори худам аст. Барои ҳамин ягон чиз гап назанед, илтимос! Раҳмат!”- дарди дил намудааст Шаропов.

Пӯлод Шаропов 45 - сола буда, ба гуфтаи худаш варзишгар ва тоҷир аст.

Қаблан бо нашри наворҳо аз маросими хонадоршавии Сурайё Қосимова хабар дода шуд, ки чанд рӯз пеш Қосимова бо ҷавони 45-сола издивоҷ кард.  Ба гуфтаи манбаъ, ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд.

Нафаре аз доираҳои наздики Шабнами Сурайё, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯё ҷавон барои пулу моли хонум Сурайё ӯро ба занӣ гирифтааст. Дурӯғи маҳз аст! Ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ солҳо боз ошиқи Сурайё Қосимова буд ва худаш ҳам марди доро аст", - изҳор дошт манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0