07:39 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Рӯзи 7 октябр дар Арманистон - рӯзи китобдор, дар Русия- рӯзи ташкилёбии қисмҳои штабии Вазорати корҳои дохилӣ, дар Массачусетси ИМА- рӯзи пиронсолон ва рӯзи ҷаҳонии меъморӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 7 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1977 Конститутсияи охирини Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардид.

День 6 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1963 тӯфони "Флора" дар Гаити ва кишвари Доминикан сабаби марги 7 190 нафар одам гардид.

Соли 1999 аввалин вируси компютерӣ муайян карда шуд, ки новобаста ба сатҳи баланди муҳофизатии Windows NT ба қисмати системаҳои ёрирасони он метавонист таъсир расонад.

Соли 2001 ИМА амалиёти ҳарбии худро дар Афғонистон оғоз намуд.

Американские военные, архивное фото
Американские военные, архивное фото

Соли 1967 Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Павильон Таджикской ССР на ВДНХ, архивное фото
© Архив пресс-службы ВДНХ
Павильон Таджикской ССР на ВДНХ, архивное фото

Соли 2004 вазирони нақлиёти 25 кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург зимни нишасти хеш пешниҳоди ҷорӣ намудани намунаи ягонаи шаҳодатномаи ронандагиро қабул намуданд.

Рӯзи 7 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1925  Нашриёти давлатии Тоҷикистон - "Ирфон" таъсис дода шуд.

День 5 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар рафти бозии хоккей, ки бо иштироки Президенти ин кишвар Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Русия ва ҷаҳон ҷараён гирифт, иштирок намуд.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин ҳамкории дуҷониба ва гуногунҷанбаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

Соли 2014 дар ноҳияи Ҷилликӯл  корхонаи асфалт ифтитоҳ ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 7 октябр 

  • Дар Арманистон рӯзи китобдор.
  • Дар Русия рӯзи ташкилёбии қисмҳои штабии Вазорати корҳои дохилӣ.
  • Дар Массачусетси ИМА- рӯзи пиронсолон.
  • Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ

Рӯзи 7 октябр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1885 — Нильс Бор, физики даниягӣ, дорандаи ҷоизаи Нобел.

Соли 1950 — Владимир Молчанов, журналисти русиягӣ.

Соли 1952 — Владимир Путин, президенти Русии.

© Sputnik / Михаил Климентьев
Президент РФ Владимир Путин

Соли 1967 — Тони Брэкстон, сарояндаи амрикоӣ, ҳунарпеша.

Соли 1968 — Том Йорк, вокалисти гурӯҳи Radiohead.

Соли 1974 — Руслан Нигматуллин, футболисти русиягӣ, дарвозабон.

Соли 1982 — Анастасия Стотская, овозхони русиягӣ.

Рӯзи 7 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Миратулло Атоев (1938 – 1994) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Ҳукуматшо Бандишоев (1928-2013) – оҳангсоз, мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Лутфӣ Кабирова (1932-2013) – сарояндаи опера, Артисткаи халқии СССР.

Қозидавлат Қоимдодов (1949)- арбоби давлатӣ.

Глава организации Ага Хана по развитию в Таджикистане - Козидавлат Коимдодов
© Sputnik / Амир Исаев
Глава организации Ага Хана по развитию в Таджикистане - Козидавлат Коимдодов

Манфрид Лоренс (1929)- шарқшинос-тоҷикшиноси немис, доктори илми филологӣ, профессор.

Николай Смолский (1905 – 1976) – доктори илми биологӣ, академики АИ Тоҷикистон.

Абдуҷалил Ҳабибов (1951)- доктори илми байторӣ.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ