17:06 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Рӯзи 11 октябр чун рӯзи ҷаҳонии духтарон дар СММ, Рӯзи кашфи Гавая, рӯзи қувваҳои мусаллаҳ дар Абхазия ва Рӯзи ҷумҳурӣ дар Бошқирдистон таҷлил мешавад

Рӯзи 11 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1737 бар асари заминҷунбӣ дар Калкутта тақрибан 300 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1881 сокини иёлоти Дакотаи Шимолии ИМА Дэвид Хюстон барои плёнкаи аксӣ патент ба даст овард.

День 10 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1852 дар Австралия якумин донишгоҳ-Донишгоҳи Сидней ба кори худ оғоз намуд.

Соли 1891 дар Стокголм аввалин осорхонаи этнографии "Скансен" дар фазои кушод ифтитоҳ ёфт.

Соли 1931 дар СССР оид ба пурра барҳам додани савдои хусусӣ қарор қабул карда шуд.

Соли 1949 дар нишасти 3-юми Созмониҷаҳонии ташкилотҳои тиббӣ аввалин кодекси байналхалқии ахлоқи тиббӣ қабул гардид.

Рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2004 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Люксембург созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Урупоро ба имзо расонид.

День 9 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон ва  ноиби президенти Бонки Урупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишер ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Соли 2014 дар майдони назди Маркази савдои "Меҳргон"- и пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии шаҳри Душанбе аксияи экологии  "Мо метавонем!" баргузор гардид.

Соли 2015 ба муносибати 70- солагии ЮНЕСКО ва Соли оила дар Тоҷикистон дар театр-студияи "Падида" дар мавзӯи "Ман оилаи худро дӯст медорам" намоиши расмҳо доир шуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштаанд, ба ҳузур пазируфта, аз Фонди захиравии худ ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим кард.

Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат, бо раиси иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон

Соли 2020 - интихоботи президенти Тоҷикистон

Рӯзи 11 - уми октябр дар Тоҷикистон интихобот баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ҷамъан 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Инчунин барои тоҷикони бурунмарзӣ низ барои иштирок намудан дар интихоботи мазкур, 39 ҳавзаи интихоботӣ омода шудаанд. 

Ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 5 нафар аз номзадҳо, ки имзои кофӣ ҷамъ оварданд, роҳхат гирифтанд. Инҳо Рустам Латифзода (ҲАТ), Эмомалӣ Раҳмон (ҲХДТ), Мироҷ Абдуллоев (ҲКТ), Рустам Раҳматзода (ҲИИТ) ва Абдухалим Ғаффоров (ҲСТ) мебошанд.

Средства индивидуальной защиты при входе в посольство Таджикистана
© Sputnik / Стас Этвеш
Средства индивидуальной защиты при входе в посольство Таджикистана

Саидҷаъфар Усмонзода намоянда аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳарчанд тавонист имзоҳои кофиро ҷамъ орад, аммо аснои пешниҳод намудан ба КМИ, намояндагони ин комиссия дар гирдоварии имзоҳо ҷой доштани қонуншиканиро пайдо намуданд. Ҳамин тавр, Усмонзода аз имкони иштирок дар интихоботи президентӣ маҳрум шуд.

Тоҷикистон нозирони ИДМ-ро ба интихоботи президентӣ даъват кард

Гузашта аз ин, намояндаи ҷавон аз ВМКБ Фаромуз Иргашев, ки низ даъвои иштирок кардан дар интихоботи қарибулвуқӯро намуда буд, ба далели ҷамъ наовардани имзои кофӣ аз сабқат канор монд.

Ҳамзамон Иброҳимҷон Юсуфбеков, ки қаблан хостори иштирок кардан дар интихоботи президентиро намуд, умуман ҳуҷҷатҳои лозимаро ба КМИ пешниҳод накард.

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои 7 соли минбаъда президенти нави кишварро интихоб мекунанд.

Дар саросари кишвар 68 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, аз соати 6-и субҳи имрӯз беш аз 3 ҳазору 100 қитъаҳои интихоботӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ҳудуди 29 кишварҳои хориҷӣ низ барои шаҳрвандони тоҷики муқими ин давлатҳо 68 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла дар Русия 5 қитъаи интихоботӣ боз шуд.

Эмомали Рахмон проголосовал на президентских выборах
Sputnik / Амир Исаев
Эмомали Рахмон проголосовал на президентских выборах

Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар шаҳрвандони тоҷик метавонанд то соати 20:00 раъй диҳанд.

Имрӯз дар бинои КМИР барои нозирону рӯзноманигорон оид ба ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандон дар маъракаи интихоботӣ маълумот дода мешавад.

Дар маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ширкат меварзанд, ки инҳо аъзои аҳзоби сиёсии ба мансаби президентӣ номзад пешниҳодкарда, намояндагони Иттифоқи ҷавонон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар мебошанд.

Ғайр аз ин, комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ зиёда аз 258 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллиро низ сабти ном намудаанд, ки мониторинги ҷараёни овоздиҳиро анҷом медиҳанд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварда аст.

Ҷашнҳои рӯзи 11 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии духтарон дар СММ.
  • Рӯзи кашфи Гавая.
  • Дар Абхазия рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
  • Рӯзи ҷумҳурӣ дар Бошқирдистон.
  • Рӯзи исён дар Мақдуния.

Рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аҳмад Ғаниев (1927) – ҳайкалтарош, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Раҳматҷон Муҳаммадҷонов (1914 – 1996) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Солеҳ Раҷабов (1912 – 1990) – доктори илми ҳуқуқ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Тоҷиниссо Саидова (1953) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Мустафо Шарқӣ (1920 – 1986) – нависанда.

Шўҳрат Шоҳимардонов (1940) – коргардони дубляжи кино.

Муҳаммадӣ Ҳамроев (1925) – доктори илми таърих, профессор.

Файзуллои Сомонӣ (1947)- шоир.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 6 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ