06:09 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
211230

Исмоили Маҳмадзоҳири 20-сола, набераи калонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба модару духтари муҳтоҷ дар шаҳри Турсунзода, ки гуфтанд аз чунин зиндагӣ безор шудаанд, ду хона тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Мақомоти шаҳри Турсунзода мегӯянд, бо дастгирии соҳибкори ҷавон, Исмоили Маҳмадзоҳир ба модари муҳтоҷ Муҳаррам Очилова ва духтараш Ирода Осимова хонаҳо тақдим гардиданд.

Масъулини шаҳри Турсунзода дар гузориши видеоии таҳиякардаи сомонаи “Оила” изҳор доштанд, ки ба Муҳаррам Очилова манзили иборат аз се ҳуҷра ва бахши ёрирасон ва ба духтараш манзили иборат аз ду ҳуҷра тақдим карда шуд.

Хонаҳо дар ҷамоати деҳоти Турсун Тӯйчӣ, деҳаҳои Саркор ва Коммуна ҷойгир мебошанд.

Қаблан сомонаи “Оила” аз ҳоли зори Муҳаррам ва духтараш Ирода хабар дода буд, ки дар як ферма зиндагӣ мекарданд. Муҳаррам Очилова бо нақл аз зиндагии тоқатфарсояш изҳор дошта буд, ки дигар аз ҷонаш сер шудааст ва ҳушдор дод, ки метавонад қасди ҷони худ кунад.

Дар пайи нашри навор ба гуфтаи аъзои ин оила,  нафарони зиёде, аз ҷумла муҳоҷирон ба кумаки ин хонавода шитофтаанд.

Исмоили Маҳмадзоҳир, фарзанди духтари калонии Президент,  Фирӯза Раҳмонова ва Маҳмадзоҳир Соибов мебошад, ки 20 сол дошта, тайи моҳҳои охир аз хайрҳои кардааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин гузориш нашр шуданд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар замони пандемия ба беш аз 2 ҳазор оила маводи ғизоӣ кумак кардааст.

Барчаспҳо:
кумак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ