04:08 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Рӯзи 4 ноябр дар Украина — Рӯзи кормандони роҳи оҳан буда дар Арманистон ҳамчун рӯзи кормандони иҷтимоӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 4 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 ихтироъкори америкоӣ Р. Гатлинг "Оташи тез" (пулемёт) ихтироъ кард.

День 3 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1899 китоби машҳури Зигмун Фрейд "Таъбири хоб" нашр шуд.

Соли 1967 манораи телевизионии "Останкино" мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли 1977  СММ таҳвили силоҳро дар Африқои Ҷанубӣ қатъиян манъ кард.

Соли 1981 Осорхонаи марказии Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 2017 Қаҳрамони Тоҷикистон -дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи "Эйр Форс"-и Ироқ  бозӣ анҷом дода, бо соҳиб шудан ба ҷои дуюм  500 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.

© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Рӯзи 4 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1948 – "Бешаи палангон" мамнуъгоҳи давлатӣ эълон шуд.

Соли 2009 Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Полша дар соҳаҳои фарҳанг, илм, таҳсилоти олӣ ва маданӣ ба имзо расид.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро ба баҳрабардорӣ расонд.

Соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши операи "Комде ва Мадан" баргузор гардид.

Предвыборное оформление города Душанбе
© Sputnik / Амир Исаев
Предвыборное оформление города Душанбе

Соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон ба Швейтсария ва Фаронса сафар кард.

Ҷашнҳои рӯзи 4 ноябр

  • Дар Украина — Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
  • Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.
  • Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Русия

Дар Русия Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд

Рӯзи 4 ноябр дар Русия ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Дар шаҳрҳои мухталифи Русия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниву маросимҳо баргузор мешавад.

День народного единства в регионах России
© Sputnik / Евгений Епанчинцев
День народного единства в регионах России

Ин ҷашн 29-уми декабри соли 2004 ба рӯйхати ҷашнҳори расмии Русия ворид гардид. Ҷашн бо иқдоми Шурои динии Русия аз 4-уми ноябри соли 2005-ум инҷониб таҷлил мешавад.

День 1 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Русия ба хотири рӯйдодҳои соли 1612 созмон дода шудааст, ки он замон фронти халқӣ бо сарварии Кузма Минан ва Дмитрий Пожарский шаҳри Москавро аз интервентҳои Полша озод карда буданд.

Дар ин рӯз дар шаҳрҳои гуногуни Русия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниву маросимҳо баргузор мешавад.

Рӯзи 4 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1918 корманди шоистаи соҳаи фарҳанг Тоҷиниссо Ғафурова.

Соли 1928  профессор Баён Раҳимов.

Соли 1937 философ, профессор  Фирӯза Турсунзода.

Соли 1950 ҳунарманди театр Асалбегим Саодатова.

Соли 1954 журналист Сардори Раҳдор.

Писатель Сардор Раҳдор, архивное фото
Писатель Сардор Раҳдор, архивное фото
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ