07:21 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Рӯзи 14 - уми ноябр ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи деабети қанд буда, дар Русия аз рӯзи ҷомеашиносон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 14 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1900  Сенати Фаронса ба занон иҷозати дар адвокатура кор кардан дод.

© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1947 Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи зери назорати Комиссияи муваққатии СММ оид ба Корея баргузор намудани интихоботи умумӣ дар саросари ин кишвар қарор қабул намуд.

Соли 1990  Полша ва Олмон дар бораи эътироф намудани сарҳади давлатӣ созишнома ба имзо расониданд.

Соли 2000-ум  бунёдгузори ширкати "Microsoft" Билл Гейтс барои мубориза бо ВНМО (СПИД) ба Нигерия 25 миллион доллар ҷудо намуд.

Билл Гейтс, архивное фото
© Sputnik / Григорий Сысоев
Билл Гейтс, архивное фото

Соли 2019 донишҷӯи коллеҷ дар Благовешенск дар ҳоле, ки барои дер кардан аз дарс ронда шуд, бо таппонча баргашта, худро паронд ва чаҳор каси дигарро захмӣ кард.

Рӯзи 14 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати "Alcatel" ифтитоҳ гардид.

Соли 2014 масъалаҳои парламентӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва илмиву фарҳанги Тоҷикистону Русия муҳокима шуданд.

© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2015 миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Покистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2016 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба имзо расониданд.

Соли 2017 дар Тоҷикистон таҳти унвони "Дӯстӣ ба хотири оянда" фестивали кинои Корея-2017 доир гашт.

Ҷашнҳои рӯзи 14 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд.
  • Дар Русия - Рӯзи ҷомеашиносон.
  • Дар Белорус - Рӯзи оҳонгарон.

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд.

Ҳамасола 14 ноябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд таҷлил карда мешавад.

Ин рӯз соли 1991 аз сабаби зиёд гаштани шумораи гирифторони ин беморӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии диабет (International Diabetes Federation, IDF) ва Ташкилоти ҷаҳонии беҳдошт (World Health Organization) эълон гардида буд.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, ин беморӣ солҳои охир бештар дар байни ҷавонон ба назар мерасад ва дар ҳолати густариш қарор дорад.

Тибқи маълумоти Ташкилоти ҷаҳонии беҳдошт, соли 2008 дар ҷаҳон аз бемории қанд 347 миллион нафар азият мекашиданд. Соли 2012 қариб 1,5 миллион нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки беш аз 80% онҳо сокинони кишварҳои камдаромад ва даромадашон миёна мебошанд.

Сабаби гирифторӣ ба ин бемориро аксар мутахассисон дар фарбеҳии зиёд, аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд.

Диабети қанд бемории хатарнок буда, дар ин беморӣ гармонҳо бо номи инсулин ё тавлид намешаванд ва ё ба таври зарурӣ фаъолият намекунанд. Инсулин барои табдили қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ бо далели он ки инсулин камбудӣ дорад ва хуб амал намекунад, қанд (глюкоза) то сатҳи хатарнокӣ дар хун боло меравад.

 

Рӯзи 14 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1847 - 1931 - Оҳангсоз, навозанда ва овозхон Содирхон Бобошарифов.

Соли 1973  – рӯзноманигор  Шапошник Роза.

Cоли 1959 - доктори илмҳои сиёсатшиносӣ (1998), профессори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Гулмаҳмад Зокиров.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 7 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн, ноябр

Мавзӯъҳои асосӣ